Дирӯз дар Муассисаи давлатии «Кӯдакистони Президентӣ»-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи ташкил ва гузаронидани Фестивали «Гулҳо» ва «Оши палав» чорабинии идона доир гардид.
Дар чорабинӣ тарбиятгирандагон аз гурӯҳҳои калон ва омодагӣ ба мактаб иштирок ва ҳунарнамоӣ карданд. Ба муносибати Соли гулҳо кӯдакон дар васфи гулҳо шеърҳо қироат намуданд ва намоишномаи бадеиро пешкаи ҳозирин гардониданд.
Дар дигар гурӯҳ тарбиятгирандагон бо ҳамроҳии мураббии хеш ба Фестивали «Оши палав» омодагӣ гирифта, барои меҳмонон оши палав омода намуданд. Ҳамчунин, дар васфи оши палав шеъру сурудҳо қироат карда, табъи ҳозиринро шод гардониданд.
Чорабинӣ бо мақсади аз овони хурдӣ бедор намудани дарки зебоипарастӣ дар кӯдакон баргузор карда шуда, пухтани яке аз таомҳои беҳтарини миллӣ «Оши палав» бошад, ҳамчун эҳёи як рукни анъанаҳои гузаштагон дар хӯрокпазӣ буда, он ифодагари рамзи сериву пурӣ ва дастурхони ободи тоҷикон мебошад.