Бо мақсади таблиғи тадбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар раванди таълим дар назди шуъбаҳо ва раёсатҳои маориф маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия таъсис дода шудааст, ки вазифаи аслии ин марказҳо дар тадбиқи технологияҳои навин дар раванди таълим ҳисса гузоштан аст.

Хусусан таътили зимистона фурсати хеле хуб барои ба курсҳои кутоҳмуддати компютерӣ ҷалб намудани омўзгорон ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад тибқи фармоиши мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ дар мактабҳои №5, 8, 10, 11, 13, 16, 17 ва 29, ки дар ҷамоатҳои гуногуни ноҳия ҷойгиранд омўзиши курсҳои кутоҳмуддати компютерӣ барои омўзгорони хоҳишманд ба роҳ монда шуд, ки мақсади он шинос намудани омўзгорон бо маҳоратҳои амалияи кор бо компютер мебошад.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>