Санаи 7 январи соли 2016 дар Планетарияи ба номи А.Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни вилоятии расмкашӣ дар мавзӯи “Кайҳон аз нигоҳи ман” ташкил ва гузаронида шуд.

Ба озмун рассомони ҷавон аз шаҳрҳои Чкалов, Истиқлол, Қайроқум, ноҳияҳои Б.Ғафуров, Зафаробод, Спитамен, Мастчоҳ, Шаҳристон ва Марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Айнӣ корҳои эҷодии худро пешниҳод намуданд. Ҳайати ҳакамон аз ҳисоби мутахассисони Арт-Галереяи шаҳри Хуҷанд ба корҳои пешшниҳодшуда баҳои сазовор доданд. Намояндагони Марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳрҳои Чкалов, Хуҷанд ва Маркази таҳсилоти иловагии № 4 ва мактаби миёнаи № 48-и ноҳияи Б.Ғафуров ҷойи аввалро ишғол намуданд. Инчунин корҳои эҷодии 5 нафар иштирокчӣ ба ҷойҳои дуюм ва 5 нафар ба ҷойи сеюм сазовор дониста шуданд.

Ба ҳамаи ғолибон диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ муқаррар карда шуд, ки дар арафаи ҷашни рӯзи кайҳоннавардон супорида хоҳанд шуд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>