340 нафар соҳиби квота гардиданд

Барои соли таҳсили 2015 — 2016 ҷиҳати дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 340 квотаи президентӣ, аз ҷумла 177 ҷой барои духтарон ва 163 ҷой барои писарон муқаррар шуда буд.

Дар асоси Фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 то 15 июни соли ҷорӣ бо довталабон барои қабул шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квота сӯҳбат баргузор гардид.

Мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва раёсату шуъбаҳои маорифи онҳо ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ûабули донишҷўён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибûи квотаи Президентӣ чораҳои мушаххас андешиданд ва ҳамаи 340 ҷойҳои барои вилоят ҷудогардида, пурра ишғол карда шуданд.

Қувваозмоии 470 нафар хонандагони синфи 10

Дар пояи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ Олимпиадаи хонандагони синфи 10 аз фанҳои таълимӣ баргузор гардид. Дар Олимпиадаи вилоятӣ зиёда аз 470 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят аз рӯи 15 фанҳои таълимӣ иштирок намуданд. Ба ҳайати доварон устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ва омӯзгорони варзидаи муассисаҳои таълимӣ шомил буданд. Иштирокчиён аз рӯи ду шарт қувваозмоӣ намуданд.

Дар Олимпиадаи мазкур 94 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардиданд. Аз ҷумла ҷойи 1 33 нафар, ҷойи 2 32 нафар ва ҷойи 3 29 нафар. Инчунин ба иштирокчиёне, ки берун аз рӯйихат иштирок намуда, холҳои баланд ба даст оварданд, бо қарори кумитаи тадорукот, ҷойҳои ифтихорӣ дода шуданд. Дастпарварони мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои Б.Ғафуров, Хуҷанд, Исфара, Конибодом, Ҷ.Расулов бештар ҷойҳои намоёнро сазовор гардиданд.

Таътил хуш мегузарад

Алҳол аз 19 истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ 8 адади онҳо ба фаъолият шурӯъ намуда, дар басти аввал 927 нафар мактабиёнро бо истироҳат фаро гирифтанд.

Дар истироҳатгоҳҳои мавзеи Исфара, Шаҳристон ва Панҷакент низ хонандагон аз 25 июн то 1 июл ба истироҳат ҷалб хоҳанд шуд.

Дар истироҳатгоҳҳои наздимактабии шаҳру ноҳияҳо бошад, 29084 нафар кӯдакону наврасон дар басти аввал ба истироҳат ҷалб шуданд.

Барномаи намоишии нави Планетария

Баъди муҳокима лексия- намоиш дар мавзӯи «Таасуроти одамони қадим дар бораи Замин» ба рӯихати барномаҳои намоишии Планетария дохил карда шуд. Барномаи намоиширо узви иттифоқи ҷурналистони Тоҷикистон, ҷонишини директори Планетария Самеъ Хошоков бо истифода аз маводҳои рангаи таълимӣ ва маълумоти шабакаҳои интернетӣ омода намудааст.

Ҳоло ки таътили тобистонаи хонандагон оғоз ёфтааст, ташрифи онҳо ба Планетария рӯ ба афзоиш дорад. Имрӯз лексия-намоишро таҳти унвони «Таасуроти одамони қадим дар бораи Замин» тамошобинони як қатор муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Исфара, Истаравшан ва Спитамен тамошо карданд.

Олимпиадаи фаннии хонандагони синфи 10 доир гардид

Бо мақсади дарёфт намудани хонандагони болаёқату истеъдоднок, омода намудани онҳо ба олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ имрӯз дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон олимпиадаи хонандагони синфи 10-и мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз гардид. Дар он 456 нафар хонандагон аз рӯи 15 фанни таълимӣ қувваозмоӣ менамоянд.

Дар маросими кушодашавии он сардори раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода суханронӣ намуда, ба иштирокчиёни олимпиада барору комёбӣ таманно намуд. Хонандагон дар давоми як соат супоришҳои тестиро ва баъдан дар давоми 4 соат супориши хаттӣ ва шифоҳиро иҷро менамоянд.

Натиҷаи олимпида ҳамин рӯз аз тарафи доварон ҷамъаст гардида, ба самъи иштирокчиён расонида хоҳад шуд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>