Ҳамасола якшанбеи нахустини моҳи октябр чун рамзи эҳтирому эътиқод ва сипосмандӣ ба аҳли таълиму тарбия ва кормандони соҳаи маориф дар кишварамон Рӯзи омӯзгорон таҷлил мешавад. Муаллим, омӯзгор, устод ин воҷаҳое ҳастанд, ки барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст. Зеро ҳар он чи ки мо дар ҷомеа мавқеъ ва мақом пайдо кардем, маҳз самараи заҳмати устодон маҳсуб мешавад.

Бозгӯи ин байтҳо худ далели соҳибхирадӣ ва заковатмандии устод аст:

Устод агар набудӣ, илму ҳунар набудӣ,

Устод агар набудӣ, ин зебу фар набудӣ.

Мухбири рӯзномаи “Маорифи Суғд” Абдуваҳҳобов Абдусабур дар остонаи ин санаи муборак сӯҳбате анҷом дод бо сардори Раёсати маорифи вилоят, доктори илмҳои таърих, профессор Осим Каримзода атрофи бурд ва бохти маорифчиёни вилоят. Инак, фишурдаи ин сӯҳбат манзури Шумо, хонандагон мегардад.

Устод, Шумо ва кулли маорифчиёни вилоятро бо Иди касбӣ сидқан муборакбод гуфта, мехостам фаҳмам, ки кормандони соҳаи маорифи вилоят бо кадом дастовардҳои шоён ҷашнро таҷлил хоҳанд кард.

Ташаккур, бароям мояи ифтихор аст, ки бо истифода аз ин минбари баланд кулли устодони муассисаҳои таълимии вилоят, дар шахси онҳо ҳамаи алоқамандони соҳаи маорифро ба ин муносибат сидқан шодбош мегӯям. Замони соҳибистиқлолии мамлакатамон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар тағйироти куллӣ ба вуҷуд омад ва махсусан таваҷҷуҳ ва эътибори Сарвари давлатамон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешрафту шукуфоии бесобиқаи соҳаи маориф, эълон гардидани маориф ба ҳайси соҳаи афзалиятнок мусоидат кард ва дар ин замина мақому манзалати омӯзгор боз ҳам боло рафт.

Ҳанӯз даҳ сол қабл Сарвари давлатамон баланд будани мақому манзалати омӯзгорро дар ҷомеа таъкид намуда, дар яке аз суханрониашон гуфта буданд: “Пешаи омӯзгорӣ кори пуршараф аст. Дар ҳама давру замон рисолати бузурги таълиму тарбияи насли наврас, ҳамчунин масъулияти пешоҳангӣ, раҳнамоӣ ва ҳидоятгарӣ бар дӯши омӯзгорон ва устодони соҳибтаҷриба буд.” Аз ин рӯ, як силсила дастуру асноди бунёдие, ки ҳанӯз дар марҳилаи аввали ба Истиқлолияти давлатӣ расидани Тоҷикистони азиз ба тасвиб расиданд, маҳз ба такомулу ташаккули соҳаи маориф нигаронида шуда буданд. Армуғони беҳтарине, ки имрӯз соҳибэҳтиромии омӯзгорро нишон медиҳад, ин ба тавсиб расидани қарори Раиси вилояти Суғд аз 30.03.2015, № 158 “Дар бораи таъсиси Ҷоизаи Раиси вилояти Суғд дар соҳаи маориф” мебошад, ки инро самараи сиёсати маънавибунёди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон арзёбӣ кард.

Ин ҷоиза бо мақсади ҳавасмандкунии моддиву маънавии омӯзгорони болаёқат, пешқадаму эҷодкори муассисаҳои таълимӣ ва роҳбарони маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, ки дар таълиму тарбияи хонандагон ба дастовардҳои баландтарин ноил гардидаанд, роҳандозӣ гардида, аллакай дар машварати августии омӯзгорон панҷ нафар омӯзгорони беҳтарин ҳар кадом бо маблағи 6 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Раиси вилоят мукофотонида шуданд.

Соли таҳсили 2014-2015 мактабиёни вилоят дар олимпиадаҳои фаннӣ ба як қатор дастовардҳо сазовор гардиданд. Аз ҷумла, дар Олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннӣ, номӣ, даставӣ 137 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, 73 нафар (53,3%) ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ноил гардиданд. Тазаккур бояд дод, ки ин нишондиҳанда дар сатҳи ҷумҳурӣ беҳтарин маҳсуб гардида, чунин натиҷаи баланд бори нахуст тариқи Маркази миллии тестӣ ба даст омадааст. Аз 73 ҷойҳои ифтихорӣ 52 ҷойҳо ба шаҳру ноҳияҳои Б.Ғафуров, Исфара ва Хуҷанд тааллуқ доранд, ки зиёда аз 71%-и ҷойҳоро ташкил медиҳад. Ин ҳама самараи заҳматҳои шабонарӯзии омӯзгорон мебошад, ки шогирдонашон ба чунин дастовардҳои шоён дастёб шудаанд.

Ба тасвиб расидани қарори Раиси вилояти Суғд аз 22.05.2015, № 261 “Дар бораи тадбирҳои ҳавасмандгардонии хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят- ғолибони олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ” барои хонандагоне, ки дар олимпиадаю озмунҳои байналмилалии хориҷи дур, кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намудаву ғолиб меоянд, омили муҳими пешравӣ гардида, дар ин самт боз ҳам масъулияту меҳнати бештарро тақозо менамояд. Ҳадафи ба тасвиб расидани санади мазкур дар он аст, ки мактаббачагон тамоми ғамхории давлатро эҳсос намоянд, минбаъд соҳиби ҷаҳонбинию тафаккури солим, донишу маърифати мукаммал ва ахлоқи ҳамида гарданд.

Бо вуҷуди ин ҳама пешравиҳо ҳастанд мушкиливу муаммоҳое, ки ҳалли онҳо боиси боз ҳам тақвият ёфтани ҷараёни таълиму тарбия мегарданд.

Ҳанӯз солҳои аввали ба Истиқлолият расидани кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд: “Бояд як чизро ҳамеша дар хотир дошт, ки мо бе интихоби дурусти кадрҳо ва ҷобаҷогузории онҳо ягон корро хуб иҷро карда наметавонем. Ченаки асосии интихоби кадрҳо барои мо кордонӣ, қабилияти ташкилотчигӣ ва пухтагии сиёсии онҳост.” Вале мутаассифона, ҳанӯз дар ҷобаҷогузории кадрҳои соҳаи маориф ба он сатҳе, ки мехоҳем, нарасидаем ва камбудию норасоиҳои зиёде ҳастанд, ки мо барои ислоҳи онҳо кӯшиши зиёд ба харҷ хоҳем дод. Ин нукта дар машварати августии омӯзгорон низ қайд гардида буд.

Соли таҳсили ҷорӣ барои аз байн бурдани сафи омӯзгорони бо таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолиятбаранда тадбирҳои муассир рӯи кор омаданд. Дар натиҷаи андешидани чораҳои мушаххас имрӯз дар муассисаҳои таҳсилотии вилоят фаъолияти омӯзгорон бо таҳсилоти миёнаи умумӣ пурра пешгирӣ гардид.

Баробари ин дар мактабҳои вилоят 901 нафар омӯзгорони ғайриихтисос фаъолият доранд, ки барои зина ба зина иваз намудани онҳо бо омӯзгорони ихтисосманд чораҷӯӣ намуда истодаем.

Дигар самти фаъолияти омӯзгор ин саҳм гирифтан дар татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» маҳсуб мегардад. Ин санад аз зумраи ҳуҷҷатҳои муфидест, ки имрӯз аз ҷониби коршиносони дигар кишварҳо мавриди таваҷҷуҳ ва омӯзиш қарор гирифтааст.

Қонуни мазкур робитаи миёни ҷомеа, муассисаҳои таълимӣ ва падару модаронро таҳким мебахшад. Имрӯз, ки дар ҷомеа ҳар гуна падидаҳои номатлуб, аз ҷумла шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ба назар мерасанд, татбиқи амалии санади мазкур хеле муфид аст. Зеро тақозои замон ин аст, ки омӯзгорон дар партави қонуни зикршуда ҳамкориро бо волидон ҳарчи зичтар ба роҳ монанд, ба мафкураи хонандагон туфайли ин ҳамкории самарабахш таъсири мусбӣ расонанд. Аз ин рӯ, аз омӯзгор тақозо мешавад, ки аз сиёсат ҳамаҷиҳата бохабар бошад, воқеаҳои рӯзро таҳлил карда, моҳияти онро ба шогирдон дуруст фаҳмонида тавонад. Вобаста ба ин барои баланд бардоштани зиракии сиёсӣ, васеъ гардонидани ҷаҳонбинии омӯзгорон имрӯз дар мактабҳо тадбирҳои муассир роҳандозӣ мешаванд.

Баробари ин ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ, ки аз суханрониашон дар машварати августии омӯзгорон бармеоянд, ташкилу баргузории машғулиятҳои дарсӣ дар кабинетҳои фаннӣ омили муҳими баланд шудани сифати таълим маҳсуб мешавад.

Нақша- чорабиние, ки дар партави дастуру супоришҳои Раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ таҳия гардидааст, барои мо- маорифчиёни вилоят раҳнамои фаъолият ҷиҳати соҳиб шудан ба дастовардҳои навин ва ислоҳи норасоиҳои мавҷуда дар давоми соли таҳсили ҷорӣ маҳсуб мешавад.

Ин вазифагузорӣ водор месозад, ки имрӯз бештар ба ташкилу таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ рӯ оварем. Дар ин самт дар мактабҳои вилоят як зумра корҳо ба сомон расидаанд. Вале онро қаноатбахш ҳисобидан мумкин нест. Аз ин рӯ, бояд барои ташкилу таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ қабл аз ҳама роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳавасманд бошанд.

Албатта, амалӣ сохтани ин тадбир бе таваҷҷӯҳу эътибори мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва маблағгузорӣ душвор аст. Ҳадафи ин нуктаро таъкид намудани ман ҳам рӯ овардани раисони шаҳру навоҳӣ ба ин масъалаи муҳими соҳаи таълим мебошад. Имрӯз, ки шаҳру ноҳияҳо дар арафаи тасдиқи лоиҳаи буҷети соли оянда қарор доранд, ба назари эътибор гирифтани ин масъала ба пешравии кор ҳамаҷиҳата мусоидат мекунад.

Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ирсоли Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ ва вохӯриҳои худ бо донишҷӯёни мактабҳои олӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб аз завқи паст доштани толибилмон ба илмҳои дақиқ ва кам будани майлу хоҳиши онҳо ба омӯхтани илмҳои техникӣ бонги изтироб заданд…

Бартарияти имтиҳонгирӣ тариқи тестиро Сарвари давлатамон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуда, аз ҷумла зикр карданд: «Имтиҳоноти тестӣ инчунин то андозае сатҳу сифати таълимро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар муайян намуданд. Баробари ин маълум гардид, ки дар ин зинаи таҳсилот таълими фанҳои табииву риёзӣ ба беҳбудии ҷиддӣ ниёз дорад”.

Дар роҳи ҳалли ин масъалаи мубрам худи Ҷаноби Олӣ дастур медиҳанд, ки «масъулони муассисаҳои таълимӣ чораҳои муассир андешида, ба хонандагон дар интихоби дурусти касбу ҳунар, аз ҷумла ихтисосҳои муҳандисӣ ва техникию технологӣ, ки барои иқтисоди миллии мо хеле муҳиманд, ёрии амалӣ расонанд».

Соли ҷорӣ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоятро 33015 нафар хатм намуда, аз онҳо тариқи Маркази миллии тестӣ 10994 нафар ба муассисаҳои олии касбии кишвар дохил шуданд. Инчунин аз шумори умумии хатмкардагон 1599 нафар ба муассисаҳои таълимии олии хориҷӣ дохил шуданд. Ҳамин тавр дар маҷмӯъ 12593 нафар мактабиёни вилоят соҳиби унвони донишҷӯи гардиданд. Ин нишондиҳанда 38,1 фоизи шумораи умумии хатмкунандагонро ташкил менамояд.

Дигар мушкилӣ он аст, ки мо ҳанӯз ҳам дар зеҳну шуури толибилмони худ завқи донишандӯзиро чандон бедор накардаем. Ман дар боло беҳуда ишораи онро накардаам, ки ба ҷуз аз чанд шаҳру навоҳӣ мактабиёни дигар шаҳру ноҳияҳо дар озмунҳои санҷишу маҳорат чандон фаъолнокӣ зоҳир накарданд. Масалан дастовардҳои муҳассилини шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Зафаробод, Спитамен ва Кӯҳистони Мастчоҳ дар Олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ назаррас намебошанд. Зеро рафти таълиму тарбия, ташкили маҳфилҳои омӯзишӣ чандон ба талабот ҷавобгӯй нестанд. Гумон мекунам татбиқи амалии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, № 353 “Дар бораи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020” барои бартарафсозии ин мушкилот кӯмак хоҳад кард. Вобаста ба ин муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и назди Раёсати маорифи вилоят амал менамояд. Ҳамчунин дар 16 шаҳру ноҳияҳои вилоят чунин марказҳо таъсис ёфта, дар онҳо 42 нафар фаъолият доранд.

Шумо аз кам будани шумораи кабинетҳои фаннӣ ин ҷо ёдовар шудед, аммо ҳолати имрӯзаи мактабҳои вилоятро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Алҳол дар миқёси вилоят мактабҳои биноҳояшон туфайли истифодаи тӯлонӣ фарсудашуда мавҷуданд. Соли ҷорӣ тибқи барномаи дурнамо сохтмон, азнавсозӣ ва ё аз таъмири куллӣ баровардан 101 иншооти соҳа ба нақша гирифта шуда, то ҳол 26 адади он мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин ҷо мехостам бо як ҷаҳон эҳтирому сипос аз иқдомҳои наҷибонаи сокинон ёдовар шавам. Бо ташаббуси як фарди худогоҳ, пири рӯзгордида, сокини деҳаи Метки ноҳияи Ғончӣ ҳоҷӣ Маҳкам Ёқубов ва фарзандони ӯ барои аҳолӣ мактаби нав, ки иборат аз 13 синфхона мебошад, бо харҷи қариб 1 миллион сомонӣ бунёд шуд. Ин мактаб дорои китобхона, лабораторияи фаннӣ, устохонаи дуредгарӣ, синфхона барои маҳфили рӯзғордорӣ буда, дар он дар як баст 300 нафар хонандагон ба таҳсил ҷалб мешаванд.

Раиси вилоят дар расми ифтитоҳи мактаби мазкур шахсан ширкат варзида, барои чунин иқдоми бузург ва наҷибонаи ин марди саховатманд изҳори сипос намуданд. Ҳамин гуна ташаббуси ватандӯстона аз ҷониби сокинони ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов низ сар зад. Бинои хуштарҳу замонавии дуошёна бо усулҳои муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи рӯз аз 16 синфхона ва 3 ҳуҷраи корӣ иборат буда, бо маблағи умумии 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст. Барои сохтмон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 100 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 102 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Ман ба ҳиммати баланди мардуми ғаюру баномус ҳамду сано мехонам. Зеро маблағи боқимондаи сохтмони таълимгоҳ аз ҳисоби соҳибкорон, хоҷагиҳои деҳқонӣ, кумитаи падару модарон, омӯзгорон ва муассисаҳои таълимии ноҳия равона карда шуд.

Ҳам дар деҳаи Метки ноҳияи Ғончӣ ва ҳам дар бунёди мактаб дар деҳаи Ғӯлакандози ноҳияи Ҷ.Расулов анъанаи наҷибу деринаи халқи азиз- ҳашар рӯйи кор омад ва мушкилиҳо бо ҳиммати онҳо ҳалли худро ёфт. Чунин иқдом дар дигар минтақаҳои вилоят низ ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо намуда, аз ҷониби сокинон ба тариқи ҳашар бунёд намудани биноҳои муассисаҳои таълимӣ вусъати тоза мегирад. Ман ба ҳайси масъули соҳаи маорифи вилоят дар назди чунин инсонҳои бошараф сари таъзим фуруд меорам.

Муҳтарам Осим Каримзода, дар арафаи соли хониши 2015-2016 пешниҳоди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба мавриди истифода қарор додани журнали синфӣ ва рӯзнома, ҳамзамон афзалият додан ба либоси ягонаи мактабии истеҳсоли ватанӣ баъзе расонаҳои хабарӣ яктарафа баҳо доданд. Ва ин дар байни мардум ҳаргуна сару садоҳоро ба бор овард. Мехостам андешаи Шуморо дар ин бобат фаҳмам.

Ташаккур. Таи солиёни охир чанд нафар соҳибкор ба фурӯши рӯзномаву китобҳои дарсӣ ва журналҳои синфӣ машғул шуда, аксаран молҳоро аз Ҷумҳурии халқии Чин ворид мекарданд. Ин аз як тараф зарба задан ба маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар бошад, аз ҷониби дигар аксари ин маводҳои хониш аз лиҳози сифат ноқисиҳои зиёд доштанд. Сониян, якхела набудани нархҳо дар бозор ба кисаи шаҳрвандон зиёни бештар меовард. Камбудии асосӣ он буд, ки рӯзномаю журналҳои синфӣ ба талабот ҷавобгӯ набуданд. Масалан хонандагони синфҳои болоиро лозим меомад, ки аз сабаби кам будани саҳифаҳои рӯзнома онро дар як сол ду маротиба иваз кунанд.

Ҳамзамон соҳибкорон бо истифода аз завқи мактаббачагон ба рӯи рӯзномаву ҷурналҳо акси қаҳрамонони филмҳои тасвирӣ ва ҳар гуна суратҳои характери зӯроварӣ доштаро инъикос мекарданд. Албатта, ин хилофи талаботи раванди тарбия буд. Бо назардошти ислоҳи ин вазъ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки чопи китобҳои дарсӣ, рӯзнома ва журналҳои синфиро тариқи корхонаҳои ватанӣ ҷавобгӯй ба меъёрҳои соҳаи маориф ба роҳ монад. Барои таҳияи рӯзнома ва китобҳои дарсӣ мутахассисони варзида ҷалб шуданд. Ин тадбир барои фароҳам овардани ҷойҳои кории нав, сифатнок ба табъ расидани маводҳои таҳсил ва ахиран барои ғанӣ гардидани буҷаи кишвар мусоидат намуда истодааст. Шоистаи қайд аст, ки ин падида миёни сокинон хуш пазируфта шуд. Мисоли барҷастаи он мақолаи рӯзноманигори варзида Неъматулло Мирсаидов дар сомонаи “centrasia.ru” таҳти унвони “Либоси мактабӣ: монополия ва ё рақобат” мебошад. Ба мушоҳида мерасад, ки ин суханвари соҳибқалам қабл аз рӯи саҳифа овардани андешаҳои худ бурду бохти масъаларо дар мизони тафаккур саҳеҳ баркашидааст. Аз ин рӯ хулосаҳои ӯ хулосаҳои шахсӣ набуда, хулосаҳои шаҳрвандон аст. Имрӯз воситаҳои ахбори умум ба чунин маводҳои таҳлилию беғаразона беш аз пеш ниёз доранд.

Ба андешаи банда, барои беҳтар кардани савияи дониши хонандагон бештар таваҷҷуҳ ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, аз қабили марказҳои инкишофи кӯдакон, боғчаҳои бачагонаи хусусӣ ва монанди инҳо дода шавад. Ин нукта дар суханронии Раиси вилоят зимни баргузории машварати августӣ низ гуфта шуд…

Яке аз ҳадафҳои ниҳоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин баланд бардоштани сатҳ ва сифати соҳаи маориф маҳсуб мешавад. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеоянд, дар шароити ҷаҳонишавии тамаддунҳо он давлат ва миллат дастёб мегардад, ки воқеан ҳам дониши фасеҳ, заковат ва хиради воло дошта бошад. Ин нукта дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон равшану возеҳ баён ёфтааст. Дар ин ҳуҷҷати муҳим, ки барномаи амали ҳар яки мо маҳсуб мешавад, Ҷаноби Олӣ шахсони масъул- мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намудаанд, ки бо ҷалби имкониятҳои ташкилоту созмонҳои ғайриҳукуматӣ, бахши хусусӣ ва шахсони эҳсонкор доир ба таъсиси шаклҳои алтернативии муассисаҳои томактабӣ, таъмиру таҷдид ва таҷҳизонидани онҳо тадбирҳои муассир андешанд.

Тавре маълум аст, тарбия аз синни кӯдакӣ шурӯъ мешавад. Барои он, ки насли ватандӯсту худшинос ва мусаллаҳ бо донишҳои замонавӣ ба камол расад, бояд фарогирии аққалияти кӯдаконро ба муассисаҳои томактабӣ таъмин намоем. Дар ҳоле ки тибқи маълумотҳои оморӣ ҳамагӣ 14%-и хурдсолон дар кӯдакистон тарбия мегиранд, татбиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлатро таъмин кардан хеле душвор аст. Ин ҳолат тақозо мекунад, ки бештар ба бунёду ба кор андохтани кӯдакистонҳое, ки биноҳояшон бо мақсадҳои гуногун истифода мешаванд, эътибор равона намоем.

Дар ин радиф боз ҳам вусъат бахшидани фаъолияти марказҳои инкишофи кӯдакон мувофиқи мақсад аст. Агар ин мушкилӣ ҳалли худро ёбад, гумон мекунам, дар ояндаи наздик насли огоҳи миллат ба камол мерасад.

Тавре маълум аст, бо саъю эҳтимоми Раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ имрӯз рушди ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили атласу адрас ва қолинбофӣ, сӯзанию зардӯзӣ, инчунин ба зиндагии мустақилона омода намудани насли наврас тадбирҳои зиёде рӯи кор меоянд. Лутфан бигӯед, ки татбиқи амалии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, № 375 «Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дастури Раиси вилоят имрӯзҳо дар муассисаҳои таҳсилотӣ кор дар кадом сатҳ қарор дорад?

Бо мақсади омӯзонидани касбу ҳунарҳои миллӣ имрӯз дар назди муассисаҳои таълимӣ 804 танўр ва 869 оташдон шинонида шудаанд. Инчунин дар назди муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо 179 адад маҳфили сӯзанидӯзӣ, 225 адад маҳфили қолинбофӣ ташкил гардид. Айни ҳол барои ташкили маҳфили қолинбофӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо 771 адад дастгоҳи қолинбофӣ харидорӣ шудааст.

Иловатан таъкид карданиам, ки дар мактабҳои вилоят аз ҳисоби муассисаҳои таълимӣ 236 адад асбобҳои мусиқӣ харидорӣ шудаанд, ки ин миқдор қонеъкунанда намебошад. Дар ин самт корҳо оғоз гардида, бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят корхонаи воҳиди давлатии илмӣ-амалии “Созтарош”-и шаҳри Душанбе дар навбати аввал 231 адад асбобҳои мусиқӣ омода карда шуд. Ғайр аз ин то оғози соли хониш боз 200 адад асбобҳои мусиқӣ аз ҷониби корхонаи мазкур дастрас гардид. Мувофиқи дастури Раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ бояд мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимӣ бо асбобҳои мусиқӣ саҳм гиранд.

Шумо аз ҷумлаи нафароне мебошед, ки дар сатҳи баланди роҳбарӣ фаъолият намуда, бурду бохти соҳаи маорифро хуб медонед. Мехостам андешаи шуморо вобаста ба нақши омӯзгор дар пешрафти ҷомеа дониста бошем.

Масъалае, ки ҳалли он аз ҳамагон масъулият ва салоҳиятро тақозо дорад, дар зеҳну шуури аҳли ҷомеа бедор намудани мафҳуми он, ки муаллим тӯдакашу пешвои ҷамъият, маслиҳатгару раҳнамои шаҳрвандон аст, бояд бошад. Яъне, бо як ибора, обрӯ ва манзалати омӯзгорро боз ҳам боло бардорем. Замони Иттиҳоди Шӯравӣ шахси азизтарини ҷомеа маҳз муаллим буд, чунки сухани ӯ асар дошт, сиёсати ӯ сиёсати созандагиву ободкорӣ буд. Ҳоло мо қадам ба қадам ба ҳамин мақом расида истодаем, аммо дастёб шудан ба мартабаи баланд, тавре дар боло ишора шуд, аз ҳар яки мо масъулиятнокӣ тақозо дорад. Дар маҷмуъ рисолати омӯзгор парчами маърифатро боло бардоштан аст.

— Дар арафаи иди касбӣ таманнои Шумо ба аҳли маориф Рӯзи омӯзгорон ҷашни натанҳо маорифчиён, балки иди саиди аҳли ҷомеа аст. Зеро ҳар як узви ҷомеа бо омӯзгорон сару кор мегирад, аз ӯ ҳикмати зиндагӣ меомӯзад. Имсол Рӯзи омӯзгорон бо Рӯзи забон, таҷлили ҷашни 85- солагии рӯзномаи маҳбуби пиру барнои вилоят – “Ҳақиқати Суғд” тавъам таҷлил мегардад. Ин фоли нек ва ҳуҷаста ифодагари дар атрофи сиёсати маънавибунёди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зич муттаҳид гардидани аҳли зиё ба ҳисоб меравад. Зеро раҳнамо ва тарғибгари забони давлатӣ омӯзгорон маҳсуб меёбанд, дар ҷаридаи вилоятӣ аксаран садои дили пурҷӯшу хурӯши омӯзгорон ифода меёбад.

Бароям боиси ифтихор ва саодат аст, ки хонандагони иззатманди рӯзномаро якбора бо фарорасии ин се ҷашни фархунда табрику таҳният мегӯям. Саодати рӯзгор, тансиҳатии комил, равнақу барорҳои кори соҳибҷашнҳо натанҳо таманнои дили ман, балки орзуи самимии тамоми маорифчиёни вилоят аст.

— Барои сӯҳбати самимӣ сад ташаккур

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>