IMG_4047    Бо мақсади ошноии бештар пайдо кардани хатмкунандагон бо ҷараёни таълиму тарбия, вазъи пояи моддиву техникии муассисаҳои олии вилоят бо дастури Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ тайи ду сол аст, ки мулоқоти озоду шаффофи сарварони донишгоҳу донишкадаҳои олии вилоят бо хатмкунандагон доир мегардад. Дирӯз дар кохи фарҳанги шаҳри Хуҷанд идомаи ин вохӯриҳо бо устодону шогирдони мактабҳои шаҳри Хуҷанд доир гардид.
Чорабиниро муовини раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ҳусни ифтитоҳ бахшид.Дар баромади намояндаи мақомоти иҷроияи ҳIMG_4044окимияти давлатии вилоят Мирзотоҳир Набиев қайд шуд, ки дар муассисаҳои олии кишвар ва берун аз  он беш аз 8104 нафар хуҷандиён таҳсили илм доранд, ки ин рақам хушҳолкунанда аст. Аммо ба андешаи ӯ ҳанӯз имкониятҳои зиёде дар ин самт мавҷуданд, ки бояд хатмкунандагон ба он тасмим гиранд.
Сипас Анвар Мақсудӣ, ректори ДДХ, Ҷамшеди Ҳабибулло, ректори ДДҲБСТ, Фозилзода Мухтор, ректори ДКМТ, Рауф Олимӣ, директори ДИСДТТ ва Хуршед Худойбердиев, мудири кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттиллоти ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд тавассути видеролик ва слайдҳо муассисаи худро муаррифӣ намуданд.
Дар баромади Хуршед Худойбердиев зикр шуд, ки теъдоди донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба 4 ҳазор нафар расида, аз ин шумор беш аз ҳазор нафарро толибилмони шаҳри Хуҷанд ташкил мекунанд, ки худ шаҳодати он аст, ки хатмкунандагони шаҳри Хуҷанд ба донишкада таваҷҷӯҳи хосса доранд. Мавсуф дар идомаи гузориши худ аз ихтисосҳои нави ҷоришудаи донишкада -Идораи захираҳои иттилоотӣ ва Низомҳои бисёрқанотаи телеробитаҳо сухан ронда таъкид дошт, ки довталабоне, ки ба ин ихтисосҳо дохилшуда метавонанд пас аз хатми курси дуи донишкада таҳсилашонро дар  Донишгоҳи бонуфузи Нижний Новгороди Федератсияи Русия идома диҳанд ва соҳиби дипломи Федератсия Русия гарданд.
Хатмкунандагону омӯзгорони шаҳри Хуҷанд дар фарҷом ба сарварони муассисаҳои олӣ саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>