298764996_434338355406553_7769212122618861897_n авав11 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба шаҳри Конибодом ташриф оварданд.

      298953235_434338818739840_1185204289067856009_nНахуст, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Конибодом бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии №10 (кӯдакистони “Зангӯла”)-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
     Бинои нави Кӯдакистони “Зангӯла” барои таълиму тарбияи 150 нафар кӯдак пешбинӣ гардида, бо мақсади рушди соҳаи маориф ва амалисозии дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар зарфи як сол аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи 3,5 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

        298925518_434338502073205_6972792492065984690_nИншооти нав дуошёна буда, дорои ҳуҷраҳои алоҳидаи хоб ва машғулиятгузаронӣ, ошхона ва нуқтаи тиббӣ мебошад.
     Дар Муассисаи таҳсилоти томактабии “Зангӯла” дар чор гурӯҳ имконияти мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакон муҳайё буда, барои бозиву фароғат низ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дохили гурӯҳҳо бо ҷиҳозу аёниятҳои муосиру замонавӣ таъмин буда, ороиши дохили ҳуҷраҳо низ мувофиқ ба хоҳишу завқи кӯдакон анҷом дода шудааст.

298610478_434338438739878_8634546578494434068_n 299123125_434337482073307_4325879755907285930_n 298767922_434338595406529_7704385031402427952_n 298871945_434338535406535_3657503907943134147_n

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>