298986459_434337378739984_796344830729863711_n 11 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Маданияти деҳоти Куҳандиëри шаҳри Конибодом бинои нави муассисаи таҳсилоти миëнаи умумии рақами 15-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

   298823196_434337568739965_9126875208819097639_n 298777883_434337415406647_4205690144189644668_n  Иншоот дар партави сиëсати маорифпарваронаи Ҳукумати мамлакат бахшида ба 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунëд шуда, масоҳати беш аз 2 гектарро дар бар мегирад. Бинои асосии муассиса аз ду ошëна иборат аст ва дорои 13 синфхонаи умумӣ ва фаннии таълимӣ, инчунин ҳуҷраҳои корию ëрирасон мебошад. Корҳои сохтмонӣ бо дастгирии соҳибкорон ва ҳашари дастҷамъии сокинони маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи соҳаи маориф анҷом ëфтааст.

   298779496_434337528739969_7722501603355507154_n 299123125_434337482073307_4325879755907285930_n Бинои нав барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Синфхонаҳои фаннии физика, химия, математика, биология, технологияи иттилоотӣ ва таълими меҳнат бо таҷҳизоту аёниятҳои замонавӣ таъмин буда, барои хонандагон шароити мусоиди аз худ кардани дониш мавҷуд мебошад. Муассисаи таълимие, ки то ин вақт дар он хонандагони деҳаи Маданият ба таълим фаро гирифта мешуданд, солҳои зиëд истифода гардида, ба талабот номувофиқ аст. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин боргоҳи муҳташами таълимӣ барои хонандагон шароити замонавии аз бар намудани дониш таъмин гардид.
    Барои машғул шудани хонандагон ба варзиш ва обу тоби бадан дар ҳудуди муассиса толори замонавии варзиш ва майдончаи кушоди варзиш бунëд карда шудааст. Атрофи иншоот бо гулу ниҳолҳои ороишӣ зеб дода шуда, роҳравҳо пурра сафолакпӯш мебошад. Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон либосҳои ягонаи мактабӣ ва варзишии дар коргоҳҳои дӯзандагии шаҳри Конибодом истеҳсолшуда муаррифӣ карда шуд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>