296323630_424636986376690_8120146666981688783_n  Санаи 27 — июли соли 2022 дар Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд ғолибони олимпиадаи байналмилалии ISTEM — 2022 аз фанни математика ва технологияи иттилоотиро муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода, намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Абдунабиев Абдурасул, роҳбарият ва муҳассилини Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳр мутантан истиқбол намуданд.

    296268676_424637079710014_4256445499707824413_n   Ёдовар мешавем, ки 6 нафар хонандагони МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд санаи 19 июл ҷиҳати иштирок дар олимпиадаи байналмиллалӣ аз фанҳои дақиқ: табиатшиносӣ, математика ва технологияи иттилоотӣ ба шаҳри Франкфурти кишвари Олмон сафарбар карда шуда буданд, имрӯз ба дастоварди назаррас ноил гардиданд.
    Тибқи иттилоъи Сурайёхон Неъматзода — директори муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд ин 6 нафар хонандагони Литсей дастаи олимпии Точикистонро дар олимпиадаи фаннӣ шоиста муаррифӣ намуда, 4 медали тилло, 4 нуқра, 3 биринҷӣ ва 1 ҷойи ифтихориро аз фанҳои математика, технологияи иттилоотӣ ва табиатшиносӣ ба даст оварданд.296220081_424637136376675_8699116341400577745_n
      Лозим ба таъкид аст, ки олимпиадаи фаннӣ санаи 23 — уми июл аз фанни математика ва санаи 24 -уми июл аз фанни табиатшиносӣ ва технологияи иттилотӣ баргузор гардида, хонандагони болаёқати Литсей дониши худро аз рӯи 2 фанни таълимӣ санҷида, ғолиби олимпиада гарданд.
     Аз ҷумла: Ҳасанов Сафархон, Аҳророва Ясминахон, Негматуллоев Акмалҷон аз фанни математика ва Мамадҷонов Меҳроҷ аз фанни технологияи иттилоотӣ — ҷойи аввал ва соҳиби медали тилло, Маъсумова Фарина ва Саидаҳматзода Салимбек аз фанни математика ва табиатшиносӣ — ҷойи 2 ум ва соҳиби медалҳои нуқра, Ҳасанов Сафархон, Аҳророва Ясмина, Мамадҷонов Меҳроч аз фанни табиатшиносӣ — ҷойи 3-ум ва соҳиби медали биринҷӣ ва Негматуллоев Акмалҷон аз фанни табиатшиносӣ ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Дар умум дастаи олимпии Тоҷикистон дар ин олимпиадаи фаннии сатҳи ҷаҳонӣ 12 ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардид, ки ин натиҷаи беҳтарин байни 93 кишвари олам ва наздики 8 ҳазор иштирокчиёни озмун ба шумор меравад.
    296214387_424636693043386_7940490585298592855_n Лозим ба таъкид аст, ки Олимпиадаи мазкур рӯзҳои 19-24 июл дар шаҳри Франкфурти кишвари Олмон байни хонандагони синфҳои 3-11 гузаронида шуда, хонандагони Литсей дар категорияи хонандагони синфҳои болоӣ дар ин олимпиада иштирок намуданд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>