278634340_362096822630707_8407945588273940627_n      Санаи 26-уми апрели соли равон тибқи нақшаи кории Раёсати маорифи вилояти Суғд фаъолияти муассисаҳои таълимии миёнаи умумии рақамҳои 14, 50, 61 ва муассисаи таълимии томактабии рақами 11-и деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби мудири шуъбаи кадрҳо ва сармутахассиси шуъбаи банақшагирӣ, ояндабинӣ ва омори Раёсат мавриди санҷиш қарор гирифт.

     Дар меҳвари ин тадбир масъалаҳои ҳолати санитарию эпидемологӣ, назорати дохилимуассисавӣ, таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ, имтиёз ба мутахассисони ҷавон, риояи интизоми иҷрои вазифа, сатҳу сифати таҳсилот, тарзи дафтардории даврӣ, лабораторӣ, рӯзномаҳои хонандагон, фаъолияти Шӯро ва иттиҳодияҳои методӣ, инчунин пояи моддиву техникии муассисаҳо марбут буданд, ки онҳо дақиқу амиқ санҷида шуданд.  278634340_362096822630707_8407945588273940627_n
     Тариқи саволу ҷавоб бо хонандагон сатҳи донишу малака ва раванди таҳсилоти онҳо ба мушоҳида расиданд.         Санҷиш аён намуд, ки омӯзгорон барои баланд бардоштани сатҳи таҳсилот, иншои хаттӣ тариқи эссе фаъолияти касбиашонро бояд ҷиддӣ намоянд.
   278813705_362097062630683_725863188638682812_n Дар МТМУ #50 ҳуҷҷатсупорӣ ба Маркази Миллии Тестӣ то имрӯз аз 68 нафар хатмкунанда ҳамагӣ 34 нафар ба қайд гирифта шудааст. Бинобар ин корҳои тарғиботиву ташвиқотии омӯзгорон дар байни хонандагон вусъат бахшида шавад.
Дар Ширхоргоҳ — кӯдакистони #11-и деҳоти Унҷӣ мушкилоти кадрӣ вуҷуд надорад. Аз 10 айвонча 5-тоаш азнавсозӣ гардида, боз 5-тои дигараш бояд аз таъмири босифат бароварда шавад.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>