DSCF2513    Санаи 11 январи соли равон дар маҷлисгоҳи муассисаи таълимии давлатии мактаби Президентии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи ҳайати  мушовараи Раёсати маорифи вилоят оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти маорифчиён дар соли 2017 бо иштироки директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрмуҳаммадзода Шермуҳаммад Раҷабалӣ, кормандони дастгоҳи  Раёсати маорифи вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, сарварони муассисаҳои зертобеъ, собиқадорону машъалони соҳаи маориф ва намояндагони воситаҳои ахбори омма дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардид ва дар рафти он 14 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.

    Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии сардори Раёсати маорифи вилоят, доктори илмҳои таърих, профессор Каримзода Осим Қосимӣ ифтитоҳ ёфт.

      DSCF2515Ҳисоботи муфассали Раёсати маорифи вилоят оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолият дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018 аз ҷониби  сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ироа гардид. Мавсуф роҷеъ ба бурду бохти маорифчиёни вилоят батафсил истода гузашта, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои мавҷуда ба масъулин дастурҳо дод.

     Доир ба масъалаи муҳокимашуда мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон А. Бӯриев, Деваштич З. Иброҳимов, Зафаробод Д. Ниёзқулова, Истаравшан Д. Азимов, Ҷаббор Расулов А. Шодиев, Ашт М. Ҳайдаров ва Мастчоҳ Н. Боқиев ба музокира баромада, роҳҳои ҳаллу фасли норасоиҳои ҷойдоштаро баён карданд.

     Дар идомаи ҷаласа масъалаҳо оид ба нақшаи кории Раёсати маорифи вилоят барои нимсолаи аввали соли 2018, натиҷаи аттестатсияи литсейи №5-и шаҳри Исфара ва гимназияи №1-и ноҳияи Ашт, таҳлил ва  ҷамъбасти ҳисоботи омории шакли ТМ-1 ва КОМ-1 (кормандон ва омӯзгорони мактаб), натиҷаи ҷамъбасти ҳисоботҳои омории МТТ-1 ва БМТ-1 дар соли хониши 2017-2018, вазъи таълиму тарбия дар мактаб — интернатҳои шаҳру ноҳияҳои Истаравшан ва Спитамен, рафти амалишавии Консепсияи миллии тарбия дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Конибодом ва Шаҳристон, рафти фаъолияти комиссияҳо оид ба татбиқи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Мастчоҳ ва Исфара, гузаронидани омӯзиш оид ба самаранок истифода бурдани воҳидҳои корӣ дар Марказҳои технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии шаҳру ноҳияҳои Деваштич, Бобоҷон Ғафуров ва Истаравшан ва омодагӣ ба марҳилаи нави барномаи компютеркунонӣ, вазъи иҷрои нақшаи курсҳои такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф дар соли 2017, рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.06.2014, № 353 “Дар бораи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020” дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом ва Бобоҷон Ғафуров, тасдиқи Низомномаи шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, тасдиқи Низомномаи Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Раёсати маорифи вилояти Суғд, ворид намудани тағйирот ба замимаи Иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимии АУ0006156, ки дар асоси фармоиши сардори Раёсати маорифи вилоят аз 12 феврали соли 2014, № 21 ба Кӯдакистони Президентии вилояти Суғд дода шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

     Баъди шунидани маърӯзаҳо ва суханронии музокирачиён директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрмуҳаммадзода Шермуҳаммад Раҷабалӣ андешаҳои худро вобаста ба масъалаҳои мавриди гуфтугӯ қароргирифта ва вазифаҳои минбаъдаи маорифчиёни вилоят баён дошт.

 Дар ҷараёни чорабинӣ вобаста ба масоили баррасишуда сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода аз шахсони масъул пурсиш ба амал оварда, бо вазифагузориҳо ба ҷаласаи ҳайати мушовара ҳусни анҷом бахшид.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>