DSCF2469Чорабиниро мудири шуъба Абдураҳим Қурбонов ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи кории ҷаласа ошно намуд. Аз рӯи масъалаи аввал аъзоёни шурои  Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф лоиҳаи нақшаи кориро барои нимсолаи аввали соли 2018 қабул намуданд.

Баҳоваддин Хоҷаев, сармутахассиси Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят дар бораи натиҷаҳои аттестатсия дар литсейи рақами 5-и шаҳри Исфара ва гимназияи рақами 1-и ноҳияи Ашт, рафти татбиқии Низомномаи  намунавии муассисаи таълимии томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 29.04.2015, №256) дар “Кӯдакистони Президентӣ”-и вилоят, рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.08.2009,  №445 “Дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ гузориши муфассал дод.

А. Аслонов, сармутахассиси шуъба дар бораи рафти иҷрои талаботҳои Оинномавӣ ва риояи замимаи иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар муассисаи таълимии давлатии «Мактаби Президентӣ» дар шаҳри Бӯстон, вазъи иҷрои талаботҳои Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернат (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.06.2007, №347) дар шаҳрҳои Бӯстон ва Хуҷанд,  натиҷаи рейтинг ва мониторинги сатҳи сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии вилоят суханронӣ намуд.

DSCF2468Ҳозирин ҳамчунин ҳисоботи мудири бахши Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи ноҳияи Спитамен А. Абдуллоевро  оид ба натиҷаҳои аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимии ноҳия шуниданд.

Аз рафти иҷроиши қарорҳои шурои шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дар соли 2017 сармутахассиси шуъба Аъзам Ҳотамӣ гузориш дод.

Абдураҳим Қурбонов дар рафти ҷаласа бобати баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълим, самаранокии машғулиятҳо, назорати давомоти хонандагон ва дараҷаи касбияти омӯзгорон суханронӣ намуда, дар назди аъзоёни шӯрои машваратӣ бобати боз ҳам ривоҷ додани кори соҳа вазифаҳои мушаххас гузошт.

 Бо ҳамин кори ҷаласа ба кори худ анҷом бахшид.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>