Шумораи навбатии нашрияи «Маорифи Суғд»  таҳти №13 (130 ) ва замимаи он “Дурахшандагон” №13 (93) ба нашр расид.  Дар саҳифаи аввали нашрияи маҳбуби маорифчиёни вилоят таассуроти сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва руҳияи идонаи сокинони ваҳдатшиори вилоят инъикос  ёфта,   ҳамчунин Паёми табрикии Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расидааст. “Аттестати аъло бо медалҳои тилло ва нуқра” таҳти ҳамин унвон маводи Ғ. Шарифӣ рӯи нашр омадааст, ки он аз раванди хатми хонандагони вилоят бо медалҳои тилло ва нуқра нақл мекунад.
Дар саҳифаи дуюми нашрия номаи муборакбодии сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода ба муносибати ҷашни Истиқлолият, шеърҳои нави Анварҷон Ғафурӣ вобаста ба ватану Ватандорӣ, мақолаи Ғафурҷон Ҷӯраев аз рӯзгори ибратомӯз ва фаъолияти  доманадори омӯзгори хушсалиқа, собиқадори маориф Муҳаммадҷон Ҳоҷибоев хонандагонро ошно месозад.
Гузориш аз ҷараёни машварати августӣ бо сарлавҳаи “Таҷрибаи маорифчиёни Суғд омӯхтанист”, инчунин хабари нишасти матбуотии сардори  Раёсати маорифи вилоят бо қалами Мавлуда Ҳоҷибоева, мақолаи Абдураҳим Қурбонов, мудири шуъбаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят бо номи “Бо дарки масъулияти баланд” нашр шудааст, ки хонандагонро бо бурду бохти маорифчиёни вилоят ошно месозанд.
Дар саҳифаи чоруми нашрия маводи хонданибоби рӯзноманигори хушсалиқа Азизи Замон бо номи “Муҳаббати беҷавоб”ба нашр расидааст, ки аз рӯзгори як нафар омӯзгорзани рус, ки бо амри қисмат ба кишвари мо омаду новобаста аз гармию сардии рӯзгор дар солҳои душвори мамлакат касби худро тарк накард, нақл мекунад.  Мақолаи мазкур сабақи хубе хоҳад буд барои насли ҷавон.
Дар шумораи идонаи “Дурахшандагон” низ гузоришҳо аз ҷараёни сафари кории Пешвои муаззами миллат ва ифтитоҳи муассисаҳои таълимӣ ва кӯдакистонҳо дар ноҳияҳои  Деваштич, Ҷаббор Расулов  ва шаҳри Хуҷанд, мулоқоти озоду самимии Сарвари давлат бо кӯдакони ятиму бесаробмонда нашр шудааст.  Саҳифаҳои сеюм ва чоруми нашрия аз маводҳои ба натиҷаи дастовардҳои мактабиёи вилоят дар олимпмиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бахшидашуда, матолиби хонандагон дар мавзӯҳои гуногун, кроссворду дигар маводҳои фароғатӣ  фароҳам шудааст.
Мавриди зикр аст,  ки шумораҳои навбатии нашрияи  расмии Раёсати маорифи вилоят “ Маорифи Суғд ” ва замимаи он “Дурахшандагон”  хеле ҷолибу шавқовар ва бо маводҳои хонданӣ дастраси муштариёни сершумор мегардад.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>