DSCF8834Бо мақсади иҷрои Амри  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 16 сентябри соли 2018, № АП — 1127 ҷиҳати баргузории озмуни ҷумҳуривии   “Тоҷикистон — Ватани азизи ман”  қарори Раиси вилояти Суғд аз 18.06.2019, № 299 оид ба баргузории даври аввали озмуни мазкур ба тасвиб расид. Мақсад аз баргузории озмун дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ, таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари Ватан, Истиқлолият, Тоҷикистон мебошад. Даври аввали озмуни ҷумҳуриявии  “Тоҷикистон — Ватани азизи ман”  аз 20 июн то 2 июли соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид. Озмун аз рӯи номинатсияҳои ровӣ, шоирӣ,  оҳангсозӣ, навозанда: навозандаи анъанавӣ, академӣ, эстрадӣ,  сарояндагӣ: эстрадӣ, анъанавӣ, академӣ  гузаронида шуд.
Аз 16 то 19 сентябри соли 2019 дар толори “Кохи фарҳанги Суғдиён”- и шаҳри Хуҷанд даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” бо натиҷаҳои назаррас дар сатҳи баланди ташкилию эҷодӣ бо иштироки ғолибони даври аввали 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд доир гардид.
Аъзои ҳакамони даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии  “Тоҷикистон — Ватани азизи ман”:  Ҷӯрабек Набиев- ҳунарманди халқии Тоҷикистон, Абдувалӣ Абдурашидов — Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, Ортиқи Қодир — Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, Толиби Озарахш — шоири халқии Тоҷикистон, Сангалӣ Ҳомидов — муовини раиси Иттифоқи композиторони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Юсупов Олим — директори Маркази илмӣ — методии Раёсати фарҳанги вилоят — котиби озмун
DSCF8831Аъзои ҳакамон баромади иштирокчиёнро ба назар гирифта, ғолибони даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” — ро  аз рӯи  талаботи низомнома муайян намуданд.
Шоҳҷоиза насиби Сафарова Муштарӣ аз шаҳри Панҷакент насиб гардида,  ҷои аввал  аз рӯи номенатсияи ровӣ насиби Муҳамммадиқболи Оқил (шаҳри Панҷакент), номенатсияи шоирӣ насиби Толиби Луқмон (шаҳри Хуҷанд), навозандаи анъанавӣ ансамбли созҳои миллии “Дилнавоз”- и Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (шаҳри Хуҷанд), навозандаи академӣ Дилрабо Убайдуллоева (шаҳри Хуҷанд),навозандаи эстрадӣ Абдукарим Абдураҳмонов (шаҳри Хуҷанд), сарояндагии анъанавӣ Шӯҳрат Набиев (ноҳияи Ҷ. Расулов), сарояндаи академӣ Далери Исматулло (шаҳри Панҷакент), сарояндаи эстрадӣ Дилноза Каримова(шаҳри Хуҷанд) ва ғайраҳо ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, ба даври ҷамъбастии ҷумҳуриявии ба озмуни “Тоҷикистон — Ватани азизи ман”  роҳ дода шуданд.
Аз байни иштирокчиён Мирдадоева Фарангис аз шаҳри Истаравшан, “Трио” аз шаҳри Хуҷанд, Фирдавс Маҳмудов аз шаҳри Конибодом ва ансамбли “Навои ҷавонӣ”- и ДДХ ба номи      академик Б. Ғафуров ба даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон — Ватани азизи ман”, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, низ тавсия гардиданд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>