DSCF9833Дар толори қасри фарҳанги шаҳри Гулистон мулоқоти озоду шаффофи роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят бо хатмкунандагони ин шаҳри саноатӣ баргузор шуд.
Чорабиниро муовини раиси шаҳр Оқилов Ғайратҷон  Ахмедович ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки бо ташаббуси Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ соли дуюм аст, ки мулоқоти рохбарони муассисаҳои олии вилоят бо хатмкунандагони шаҳру ноҳияҳо доир мегардад. Ин тадбири муҳим баҳри боз ҳам бештар огоҳӣ пайдо намудани муҳассилин аз шароити таълимиву моддии муассисаҳои олӣ таккони ҷиддие хоҳад бахшид.
Пасон муовини ректори ДДХ оид ба илм ва инноватсия Хайрулло Сабуров, ректори ДДҲБСТ Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло, ректори ДКМ дар шаҳри Бӯстон Мухтор Фозилов, директори ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд Саидӣ Дилафрӯз Раббизода, директори ДИС дар шаҳри Хуҷанд Абдурауф Олимӣ  самтҳои асосии фаъолияти муассисаи таълимии худро тавассути слайдҳо ва видероликҳо муаррифӣ намуданд.
Дар баромади Саидӣ Дилафрӯз Раббизода  аз ҷумла зикр шуд, ки дар донишкада сол то сол базаи моддиву техникӣ мустаҳкам мегардад. Ва ин имкон медиҳад, ки роҳбарияти донишкада ба навовариҳо даст занад. Чуночи соли гузашта бо икдоми роҳбарияти донишкада бо Донишгоҳи Нижний Новгороди Федератсияи Русия шартномаи ҳамкорӣ баста шуд, ки мутобиқи он минбаъд донишҷӯёни дар ихтисосҳои нав- Идораи захираҳои иттилоотӣ ва Низомҳои бисёрқанотаи телеробитаҳо таҳсил дошта имкон доранд, пас аз хатми курси 2-и донишкада таҳсилашонро дар ин донишгоҳи бонуфузи Русия идома диҳанд ва соҳиби дипломи Русия шаванд.
Хатмкунандагони шаҳри Гулистон дар бораи интихоби гурӯҳҳои ихтисосӣ, ҷорӣ шудани ихтисоси физика бо забони русӣ, ҷараёни апелатсия ҳангоми гирифтани холи паст, имконияти бо ҷои кор таъмин шудан пас аз хатми донишгоҳҳо, робитаи муассисаҳои олии вилоят бо донишгоҳҳои хориҷа ба масъулин саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Бо ҳамин чорабинӣ анҷом пазируфт.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>