Бахшида ба Иди Ғалаба дар Гимназияи №1-и шаҳри Истаравшан чорабинии шавқовар доир гардид. Меҳмонони ҷамъомад оид ба диловариҳои родмардони Ватан дар ҷабҳаҳои хунин ҳарф зада, таъкид доштанд, ки барои аз юғи фашизм озод намудани мардуми кишварҳои Аврупо тоҷикон низ саҳм гирифтаанд. (далее…)
      
  Оғози даври вилоятии сессияи Академияи хурди илмҳо бо иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Конибодом, Исфара, Панҷакент, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич, Зафаробод, Ашт ва Шаҳристон дар Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд бо ибтикори Раёсати маорифи вилоят.  Баъди нисфирузӣ бо иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Мастчоҳ дар Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд идома ёфт.  (далее…)
 Бо хотири гиромидошти хотираи неки Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода даври шаҳрии озмуни  «Турсунзодахонӣ»  дар шаҳрҳои Бӯстон ва Истаравшан бо корбарии Марказҳои таҳсилоти иловагӣ ташкил ва баргузор гардид.
      Санаи 26-уми апрели соли равон тибқи нақшаи кории Раёсати маорифи вилояти Суғд фаъолияти муассисаҳои таълимии миёнаи умумии рақамҳои 14, 50, 61 ва муассисаи таълимии томактабии рақами 11-и деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби мудири шуъбаи кадрҳо ва сармутахассиси шуъбаи банақшагирӣ, ояндабинӣ ва омори Раёсат мавриди санҷиш қарор гирифт.
санаи 26 апрели соли 2022 дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ аз ҷониби кормандони Раёсати маорифи вилояти Суғд дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии №20, 27 ва 40-и шаҳри Хуҷанд боздид ба амал оварда шуд.
     Дар кӯдакистонҳои шаҳри Гулистон оид  ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, баҳри пешгирии садамаҳои нақлиёт ва риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби мураббияҳо дарси кушод ташкил карда шуданд. (далее…)

  Ҳамасола бо дастгирии ҳамаҷонибаи Акадамияи миллии илмҳои Тоҷикистон Сессияи Академияи хурди илмҳо аз ҷониби Акдемияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.