Дар партави Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №1729 тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд рӯзи 22-юми январ нишасти матбуотии сардори Раёсати маорифи вилоят бо намояндагони 16 воситаҳои ахбори чопию электронии маҳаллӣ, вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва нашрияҳои соҳавӣ доир гардид.

Аз ҷумла намояндагони нашрияҳои ҷумҳуриявии «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Омӯзгор», «Радиои Тоҷикистон» иштирокчии нишаст буданд. Дар нишасти матбуотӣ ҳамзамон кормандони дастгоҳи Раёсати маорифи вилоят ва сарварони сохторҳои зертобеъ ширкат варзиданд.

Чорабинӣ ба мавзӯи ҷамъбасти фаъолияти маорифчиёни вилоят дар соли 2015 ва самтҳои асосии фаъолияти минбаъда дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд.

Нахуст сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода О.Қ. таассуроти фаромӯшнашаванда ва бардоштҳои худро аз Паёми Сардори давлат ба мақоми олии қонунгузор баён дошта, соли таҷлили Ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон будани соли 2016-ро махсус таъкид намуд. Ҳамзамон аз таваҷҷуҳи хосаи давлату Ҳукумат ба соҳаи маориф ёдовар шуд.

Дар идомаи нишасти матбуотӣ иштирокчиён баромади Осим Каримзодаро оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти маорифчиёни вилоят дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016 шуниданд. Барору пешравиҳо, норасоиҳои мавҷуда ва вазифаҳои минбаъдаи маорифчиёни вилоят дар суханронии муфассали сардори Раёсати маорифи вилоят баёни худро ёфтанд. Махсусан ба мушкилиҳои мавҷуда ва масъалаҳои ҳалталаби соҳа бештар равшанӣ андохта шуд.

Дар рафти саволу ҷавоби озод вобаста ба масоили муҳими соҳа, аз ҷумла фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, вазъи кунунии таълими забонҳои хориҷӣ, таҳсили дастпарварони мактабҳои вилоят дар мактабҳои олии давлатҳои хориҷӣ, ҷалби омӯзгорони болаёқат аз хориҷа ва хонандагон ба зинаи сеюми таҳсилот, ташкили даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ аз фанҳои забон ва адабиёти ӯзбек, Низомномаи озмун барои соҳиб шудан ба квотаи Президентӣ, таъмиру сохтмони иншоотҳои соҳа, меёрҳои муайяннамоии маблағи хизматрасониҳои иловагӣ, ҷорӣ кардани воҳиди кории равоншинос дар мактабҳо, шумораи хонандагони аз доираи таълиму тарбия берунмонда, тариқи озмун ба синфи якум қабул намудани хонандагон ва ғайра сардори Раёсати маорифи вилоят ба саволҳои рӯзноманигорон ҷавоб дод.

Дар интиҳои нишасти матбуотӣ бо мақсади додани маълумоти бештар ба ҳамаи кормандони васоити ахбор пресс- релиз дастрас гардид.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>