Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кормандони филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд ва зиёда аз 400 нафар омӯзгорон – шунавандагони курсҳои такмили ихтисос, ки аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят баҳри баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии худ ба маркази вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд ташриф овардаанд, гарму ҷӯшон истиқбол намуданд.

Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба соҳаи иҷтимоиёт, хусусан ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ба баланд бардоштани маоши кормандони соҳаи маориф ва такмили ихтисоси муаллимон, истифода аз усулҳои нави таълим ва технологияҳои муосир дастурҳои мушаххас доданд.

Ин нуқтаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат, кулли омӯзгорон – шунавандагони курсҳои такмили ихтисосро ба фаъолияти созанда рӯҳбаланд гардонд. Ҷомеаи меҳнатии донишкада ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбияи насли навраси кишвар дар руҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ бо дарки баланди масъулият фаъолият хоҳад кард.

Муҳаммадҷон Исматдинов,
директори ФХ Донишкадаи ҷумҳуриявии
такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони
соҳаи маорифи вилояти Суғд

 

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>