1485331570_58885c72d16a5Дар заминаи фармоиши сардори Раёсати маорифи вилоят аз 12 декабри соли 2016, №273 санаи 21 феврали соли ҷорӣ дар қисми низомии 3501-и қӯшунҳои дохилии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳисси ватандӯстӣ дар байни хонандагон, таҳкими дӯстӣ, ташвиқоти хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва бахшида ба 24-солагиии таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон, истиқболи сазовори Рӯзи ваҳдати миллӣ ва эълон гардидани соли 2017- «Соли ҷавонон» байни хонандагони синфҳои 8-9 уми муассисаҳои таълимии вилоят даври вилоятии озмуни ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» баргузор гардид.

Дар озмун ғолибони даври минтақавӣ аз шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Деваштич ва Ҷаббор Расулов иштирок намуданд. Он аз рӯи шартҳои машқҳои сафороӣ, тарбияи ҷисмонӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, мудофиаи шаҳрвандӣ, сӯхторнишонӣ ва таҳияи рӯзномаи деворӣ гузаронида шуда, аз ҷониби кормандони комиссариати ҳарбӣ, Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сай-ёҳӣ, Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоят баҳогузорӣ карда шуд.

Дар ҷамъбаст аз рӯи ҳамаи шартҳо ҷойи якум насиби дастаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷойи дуюм — шаҳри Конибодом ва ҷойи сеюм насиби дастаи ноҳияи Мастчоҳ гардида, ғолибону иштирокчиёни фаъол бо диплому Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Раёсати маорифи вилоят қадршиносӣ гаштанд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>