Тибқи нақшаи чорабинии барои таътили зимистона тарҳрезишуда барои 120 нафар хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 10-и шаҳри Чкалов ба Планетарияи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандии маркази вилоят экскурсия ташкил гардид.

Мактабиён дар аввал бо маҳсули эҷодиёти ғолибони озмуни вилоятии «Кайҳон аз нигоҳи ман»-ро, ки ба намоиш гузошта шуда буд, шинос шуданд. Сипас маърӯзаи шавқовар ва филми мустанади «Таркшиши бузург» оиди пайдоиши олам пешкаши хонандагон гардонида шуд. Ба бачаҳо тамошои осмони ситоразори Хуҷанд низ таасуроти бой бахшид.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>