DSCN0017 (1)Дар истироҳатгоҳи тобистонаи Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Шоҳин», ки дар соҳили Баҳри тоҷик дар шаҳри Гулистон воқеъ гардидааст, нахустин бор дар Тоҷикистон олимпиадаи байналмилалии арифметикаи зеҳнӣ таҳти унвони «GENIUSKID-ASIA 2018» баргузор гардид.

Тибқи маълумоти академияи арифметикаи зеҳнӣ – “Империяи донишҳо” барои ширкат дар ин озмун беш аз 200 нафар кўдаки аз 6 то 16-солаи кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла, аз Россия ва Қирғизистон ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Олимпиадаи байналмилалии арифметикаи зеҳнӣ аз санаи 29 май то 5 июн идома ёфта, дар баробари санҷиши донишу истеъдод довталабон аз мавзеъҳои таърихии шаҳрҳои Гулистон ва Хуҷанди бостонӣ дидан карданд. 

Дар маросими ифтитоҳи Олимпиадаи байналмилалии арифметикаи зеҳнӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ ширкат варзида, меҳмонон ва иштирокчиёни озмунро хайрамақдам гуфта, таманниёти вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба самъи ҳозирин расонид. Мавсуф зимни суханронӣ таъкид кард, ки дар Тоҷикистон ба масъалаи дастгирии толибилмони боистеъдод таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад. Маҳз ғамхориҳои рўзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф имкон фароҳам овард, ки толибилмони муассисаҳои таълимии кишвар пайваста дар олимпиадаҳои байналмилалӣ пирўз гашта, муаррифгари Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ гарданд.

DSCN0032Сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода аз номи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода меҳмонони иззатмандро ба сарзамини меҳмоннавози тоҷикон самимона хайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки ҷиҳати иштирок дар олимпиадаи байналмиалалии «Арифметикаи менталӣ» ба диёри мо ҷамъ омадани донишмандони наврас — соҳиби истеъдод ва лаёқати бузурги математикӣ воқеаи хеле муҳиму фараҳбахш аст. Ин тадбир бешубҳа, ба ривоҷи дўстию бародарӣ, рушди ҳунару маҳорат, дониши иштирокчиён ҳамаҷиҳата мусоидат мекунад. Зеро баргузории ҳамин гуна чорабинии муҳташам на танҳо ба васеъ шудани доираи донишу ҷаҳонбинӣ, балки ба мустаҳкам гардидани риштаҳои дўстию рафоқати шогирдони муассисаҳои таълимии давлатҳо заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи олимпиада директори генералии «Маркази Абакус»-и шаҳри Маскав Рустам Багауддинов, директории генералии академияи математикаи менталии Ҷумҳурии Тоҷикистон Коробкина В.В., меҳмонон аз  Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қирғизистон суханронӣ намуда, барои пазироии самимӣ ба мизбонон арзи сипос намуданд.

Бо садо додани суруди миллии кишварҳои иштирокчии олимпиадаи байналмилалӣ ва афрухтани гулхан меҳмонон аз назди он гузар карда, ба толори баргузории намоишҳои адабию фарҳангӣ раҳсипор гардиданд. Барномаи рангини шуъбаи фарҳанги шаҳри Гулистон хотири иштирокчиёни чорабиниро болида гардонд.

Дар ҳақиқат олимпиада ин танҳо санҷиши донишу маҳорат нест, балки иттиҳоди наврасони хушбахтест, ки ояндаи давлату миллати худро ба таври шоиста намояндагӣ мекунанд. Лозим ба таъкид аст, ки ҳадафи ин чорабинӣ танҳо ғолибият ба даст овардан набуда, табодули таҷриба, малака ва дониши иштирокчиён низ мебошад.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>