1Санаи 1-уми июн Боғи истироҳатии «Наврӯзгоҳ» -и шаҳри Хуҷанд идгоҳро мемонд. Аз субҳи содиқ наврасону ҷавонон бо волидайн ва устодону пайвандони хеш ба сӯйи идгоҳ мешитобиданд. Садои карнаю сурнай ва доира фазои идонаро пуршукӯҳ менамуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо ҳайати ҳамроҳонашон ба майдони идгоҳ ворид гардида, шодишарики кӯдакон шуданд.

Дар даромадгоҳи боғ ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ, хонандагони эҷодкор аз дастовардҳои хеш ба Раиси вилояти Суғд маълумот дода, шеъру таронаҳои эҷодкардаашонро дар васфи Ватан, Тоҷикистон, Пешвои миллат ва ғайраҳо ироа намуданд.

Тарбиятгирандагони Кӯдакистони Президентӣ дар шаҳри Хуҷанд бо маҳорати хосса ва малакаю истеъдод суруду таронаҳо хонда, саҳначаҳои ҷолиби ватандӯстона нишон доданд.

2Ғолибони озмуни Академияи хурди илмҳо ва аъзои он ба Роҳбари вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати дастгириву ғамхориаш миннатдорӣ баён намуданд. Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин дастур дод, ки ба узви ҳақиқӣ ва вобастаи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида, эшон дар замони таътил ба истироҳтгоҳҳо ҷалб карда шаванд.

«Шаҳраки саломатӣ», ки маҳсули дастранҷи ҷомеаи табибони вилоят буд, аз усулу равишҳои нави табобату муолиҷаи наврасону кӯдакон ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳайати ҳамроҳонаш иттилоъ доданд.

Варзишгарони наврасу ҷавони вилоят маҳорати хешро дар гӯштингирӣ, дзюдо, теннис, шоҳмот, шашка, карате ва ғайра нишон дода, ваъда намуданд, ки ҳамеша Парчамбардори меҳнати азизи хеш мегарданд.

Намоиш-фурӯши яхмосу обҳои ташнашикан фаровон ташкил гардида буд ва бо дастури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 4000 яхмос ва 5000 адад обҳои ташнашикан дар зарфҳои паластикӣ ба кӯдакони идгоҳ омада ройгон тақсим карда шуданд.

Кӯдакистонҳои шаҳри Хуҷанд маҳсули ранҷу офаридаҳои хешро ба маърази тамошо гузоштанд, ки шоёни таҳсини Роҳбари вилоят гардиданд. Ҳамзамон бахшида ба Рӯзи кӯдакон силсилаи зиёди чорабиниҳо, аз ҷумла озмуни иншои беҳтарин дар мавзуъи «Ҳуқуқи худро меомӯзем» байни муассисаҳои таълимӣ, аксия таҳти унвони «Ба кӯдакон муносибати некбинона мебояд», мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, озмуни расмкашӣ «Тоҷикистон аз нигоҳи ман» ва ғайраҳо баргузор ва ба ғолибон тӯҳфаҳо тақдим карда шуданд.

3Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода чорабинии тантанавиро бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ифтитоҳ намуда, эшонро бо Рӯзи идашон табрик намуд.
Роҳбари вилоят зимни суханронии худ аз ҷумла афзуд, ки «Боиси ифтихор аст, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тарбияи дурусти тифлакони босаодат ва ба воя расонидани номбардорони ояндаи миллат аз тамоми шароиту имкониятҳо истифода карда, барои таълиму тарбия, обутоби маънавию ҷисмонии онҳо ҳамаи шароитро фароҳам овардааст».

Таъкид шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҷойгоҳи кўдакон дар мустаҳкамии оила барҳақ, таъкид доштаанд: «Кўдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор рафта, бахту саодати рўзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангўлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад».

Бояд қайд кард, ки қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳар кадоми моро вазифадор менамояд, ки дар таълиму тарбия ва махсусан, ҳамчун шахсони солимфикр, хушахлоқ, масъулиятшинос, ватандўсту шуҷоъ ва соҳибмаърифат ба камол расидани насли ҷавон саҳмгузор бошем.

Дар ин замина, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои таҳти ғамхории доимӣ фаро гирифтан ва фароҳам овардани тамоми шароитҳои зарурии вобаста ба омўзишу парвариши кўдакони синни томактабӣ таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир менамояд.

4Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки имрўз вақти он расидааст, ки бар зинаи аввали низоми маориф, яъне тарбияи томактабӣ боз ҳам бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад, зеро дар муассисаҳои тарбияи томактабӣ хиштҳои нахустини бинои шахсият ва ҷаҳонбинии инсон гузошта мешаванд. Фаро гирифтани кўдакону наврасон дар фасли тобистон ба истироҳатгоҳҳо, доир намудани чорабиниҳои мухталифи маданию маърифатӣ дар ин ҷойҳо аз иқдомҳои дигари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маҳсуб мешавад, ки ба тарбияи сазовори насли ояндасоз мусоидат мекунад.

Барномаи ҷолиби фарҳангӣ бо иштироки кӯдакон табъи ҳозиринро болида намуд.

Бояд қайд намуд, ки дар тантанаҳои идонаи боғи истироҳатии «Наврӯзгоҳ» беш аз 50 ҳазор нафар кӯдакону наврасон иштирок ва бо фараҳмандӣ Иди хешро таҷлил намуданд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>