Ҳамасола бо мақсади дарёфти омӯзгорони соҳибистеъдод ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами онҳо дар мактабҳои кишвар озмуни «Омӯзгори сол» миёни кормандони соҳаи маориф барпо мегардад. Имсол низ ин тадбир роҳандозӣ шуда, рӯзи дуюм аст, ки дар гимназияи рақами 1- и ба номи Абдурасул Нозирови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даври вилоятии озмун доир гардида истодааст.

Дар озмун 18 нафар омӯзгорони пешқадаму навовари шаҳру ноҳияҳо, ки дар минтақа ҷойи аввалро соҳиб гардидаанд, ширкат варзида истодаанд. Онҳо аз рӯи шартҳои дарси кушод, таҳлили дарс, соати тарбиявӣ, маҷлиси падару модарон ва кор бо компютер маҳорати худро санҷида истодаанд. Аз байни 18 нафар омӯзгорон 6 нафар ба даври ҷамъбастӣ роҳхат гирифта, онҳо аз рӯи шартҳои муаррифии таҷрибаи корӣ ва саволу ҷавоб бо ҳам вориди рақобат мешаванд. Танҳо як нафар ғолиб дар даври ҷумҳуриявӣ вилояти моро муаррифӣ хоҳад кард. Озмун 4 рӯз идома карда, он дар гимназияи рақами 1 ва МТМУ№15- шаҳри Хуҷанд доир мегардад.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>