Дирӯз даври вилоятии озмуни «Тирамоҳи заррин» дар истироҳатгоҳи “20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид. Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур дар асоси фармони Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагӣ бо мақсади татбиқи Барномаи давлатии экологии ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009- 2019 ҷиҳати фаъол гардонидани кори маҳфилҳои муассисаҳои таълимии умумӣ, Маркази таҳсилоти иловагӣ, иттиҳодияҳои кӯдаконаи экологӣ дар сатҳи омӯзиши табиати диёр, бунёдкорӣ ва ғанӣ сохтани ҷаҳони маънавии хонандагон бахшида ба иди Меҳргон гузаронида шуд.

Дар озмун дастаҳои хонандагони 14 шаҳру навоҳии вилоят иштирок карданд. Қабл аз оғози озмун муовини сардори раёсати маорифи вилоят Сайфулло Раҳматов ва сардори Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагӣ Миралӣ Афғонов муаллимону хонандагонро ба ин муносибат муборакбод гуфтанд.

Тибқи низомнома озмун аз рӯи се шарт-ташкили намоишгоҳ, саволу ҷавоб аз фанҳои табиатшиносӣ ва ҳимояи рисолаву рефератҳо гузаронида шуд. Нишондиҳандаҳои дастаҳои шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Хуҷанд, Исфара, Чкалов, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Ашт, Ғончӣ ва Зафаробод аз ҷониби доварон баҳои баланд гирифт.

Иштироки бевоситаи толибилмони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба чорабинӣ шукӯҳи иловагӣ бахшид. Дастаи ҳаваскорони санъати маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Ҷаббор Расулов бо барномаи ҷолиби консертӣ табъи иштирокчиёнро шод намуданд.

Аз ҳисоби ғолибони шаҳру ноҳияҳо дастаи мунтахаби вилоятӣ ташкил гардида, дар даври ҷумҳуриявӣ иширок хоҳад кард.

Хабарнигори “Маорифи Суғд”

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>