Дар машварати кории назди сардори Раёсати маорифи вилоят, ки имрӯз доир гардид, як қатор масъалаҳои муҳими рӯзмарра, аз ҷумла риояи қатъии интизоми меҳнат, ташкили гурӯҳи корӣ аз ҳисоби мутахассисони ботаҷриба, ба роҳ мондани аудити дохилӣ ва назорати қатъии истифодаи мақсадноки маблағҳо, назорати сифати корҳои таъмирию ободонӣ, омодагии ҳаматарафа ба олимпиадаи вилоятии хонандагони синфи 10, даври ҷумҳуриявии олимпиада ва  иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, таҳия ва таҳлили маълумоти омории ҳармоҳа оид ба ҷиноятсодиркунии хонандагон, таҳияи нақша- чорабиниҳо вобаста ба татбиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунгузори кишвар ва ба роҳ мондани корбарӣ аз рӯи он, истифодаи босамари имкониятҳои воситаҳои ахбори омма дар самти инъикоси фаъолияти маорифчиён, ҳамкории пурсамар бо сомонаи интернетии Раёсати маорифи вилоят, баланд бардоштани сифати машғулиятҳои курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорони фанҳои забони давлатӣ, забони русӣ ва забони хориҷӣ, ҷалби омӯзгорони пешқадам ва ботаҷрибаи маҳаллӣ ва мутахассисони баландихтисоси хориҷӣ ҷиҳати омӯзонидани таҷрибаи пешқадам ва усулҳои босамари таълими забонҳо, ташкили ҳашару шанбегиҳо бо мақсади ободонӣ, тайёрии ҳамаҷиҳата ва таъмини ширкати фаъолонаи аҳли маориф дар чорабиниҳои ҷашнии «Фестивали лола», «Сайри лола» ва «Карнавали наврӯзӣ», истифодаи босамари соати захиравӣ ва дарсҳои иловагӣ дар муассисаҳои таълимӣ, идома додани анъанаи гузаронидани Рӯзҳои Раёсати маорифи вилоят дар шаҳру ноҳияҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сардори Раёсати маорифи вилоят махсусан ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълими забонҳои модарӣ, русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои соҳа таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, иброз дошт, ки ин амал аз Паёми имсолаи Сарвари мӯҳтарами давлат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Пешвои миллат дар назди аҳли маориф вазифа гузоштанд, ки дар давоми 10 соли минбаъда ба озодона бо 3 забон – забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ муошират карда тавонистани хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ муваффақ шаванд. Дар ин радиф роҳбарони як қатор вазорату идораҳои масъулро вазифадор намуданд, ки масъалаи дар давоми 4 соли оянда бо омӯзгорони фанҳои забони русӣ ва забони англисӣ пурра таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумиро ҳал намоянд.

Сатҳу сифати таълими забонҳоро бояд аз кӯдакистону Марказҳои инкишофи кӯдак ва синфҳои ибтидоӣ сар карда баланд бардорем,- гуфт дар идомаи суханронии худ Осим Каримзода. – Корбарӣ ва тадбирандешиҳо бояд аз рӯи нақшаи мукаммали тарҳрезишуда, ба инобат гирифтани маслиҳату дастури омӯзгорони ботаҷрибаю собиқадор, навовару ҷӯянда ҷараён гирад. Дар ин маврид бо истифода аз имкониятҳои воситаҳои ахбори оммаи соҳавӣ ва технологияи иттилоотӣ гузаронидани пурсиши афкор ҷиҳати дарёфти роҳҳои беҳтарини забономӯзонӣ ба мақсад мувофиқ аст. Ҳамзамон моро лозим аст, ки барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани корҳо дар ин самт Консепсия ё худ Барномаи мукаммал таҳия намоем. Ин санад бояд дар асоси барномаҳои мавҷудаи таълимӣ, таклифу пешниҳоди мутахассисони варзидаи соҳа ва ба инобат гирифтани шароитҳои маҳал аз ҷониби гурӯҳи кории босалоҳият таҳия гардад.

Зимни вазифагузориҳои худ сардори Раёсат оид ба ташкили гурӯҳи корӣ ҷиҳати таҳияи лоиҳаи санад ба сардори Хадамоти назорат дар соҳаи маориф А. Қурбонов супориш дод. Ҳамзамон шахсони масъул ҷиҳати таъсис додани гурӯҳи корӣ барои гузаронидани аудити дохилӣ дар муассисаҳои соха, мунтазам бо маводи иттилоотӣ таъмин намудани сомонаи интернетии Раёсати маорифи вилоят, мувофиқи низомнома ба роҳ мондани ҳуҷҷатнигорӣ супориш гирифтанд.

Дар рафти машварати корӣ ба баъзе масъалаҳо муовини сардори Раёсати маорифи вилоят С. Раҳматов, мудири шӯъбаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ Д. Исмоилова, директори филиали ДТИБКСМ- и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд М. Исматдинов, директори мактаби Президентии шаҳри Чкалов М. Муинова ва дигарон равшанӣ андохта, ба пурсишҳо посух гуфтанд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>