Ҳанӯз асосгузори назарияи кайҳонавардӣ Константин Сиолковский дар охири асри ХIХ  дар асараш «Тадқиқи фазои олам бо асбобҳои реактивӣ» (1903) нахустин шуда имконпазир будани парвози кайҳонӣ ва муаммоҳои онро нишон дод. Асосгузори кайҳоннавардии амалӣ Сергей Королев   барои ҷомаи амал пӯшидани орзуи устоди худ К. Э. Сиолковский кӯшиш намуд ва соли 1933 дар заминаи яке аз муассисаҳои илмии нахустин, Институти тадқиқотӣ – илмии реактивӣ таъсис дода буд. Дар натиҷаи ба роҳ мондани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва гузарондани озмоишҳои хело зиёде 4 – октябри соли 1957 инсоният ба эраи фатҳи фазои кайҳон шӯруъ намуд. Аввалин радифи маснӯъи Замин ба мадор бароварда шуд.12 апрели соли 1961 бошад аввалин инсон ба кайҳон парвоз намуд. Фатҳи босуръати фазои кайҳон чунон боло рафтааст,ки рӯйдодҳои муҳими ин соҳаро дар хотир доштан амри маҳол шудааст. Масалан барои хонандаи арҷманд аҷиб аст,ки донад, то ин дам чанд нафар инсон ба кайҳон парвоз намудаасту аввалин кайҳоннавардон киҳоянд. Ҳамин тариқ маълум,ки то 1 январи соли 2016 шумораи умумии кайҳоннавардон ва астронавтҳою тайковандҳои ҷаҳон ки ба кайҳон парвоз намуданд, 543 нафарро ташкил медиҳанд. Дар байни тамоми кайҳоннавардон Герман Титов, ҷавонтарин ба ҳисоб меравад. Вай дар 26 солагиаш ба кайҳон парвоз кардааст.

Астронавт Дҷонн Гленн  бошад дар 77 солагиаш ба кайҳон парвоз намуд,,ки дар байни тамоми кайҳоннавардон пиртарин синну сол ба ҳисоб меравад.

Ин гуна факту рақамҳо дар раванди фатҳи фазои кайҳон  хеле бисёранд. Агар онҳоро муфассал рӯи коғаз орем якчанд ҷилд китоб хоҳад шуд. Дар арафаи ҷашни байналхалқии авиатсия ва кайҳоннавардӣ лозим дористем, барои ҳаводорони илми афлок мухтасари маълумотҳо ва рӯйдодҳои муҳимро дар раванди фатҳи кайҳон ёдрас намоем.

Нимаи аввали соли 1944 ракетаи Фау-2,ки    Германияи фашистӣ бо мақсади истифодаи он ҳамчун “яроқи интиқом” сохта шуда буд, дар таърих аввалин радифи маснӯъи    сарҳади фазои кайҳонро фатҳ карда, ба ҳисоб рафта буд.

22 июли соли 1951 аз космодроми Капустин-Яр аввалин маротиба “бародарони хурдӣ”-и инсон сагҳо Сиган ва Дезик бо ракетаи Р-2А ба баландии 110 километр  парвоз намуданд.

4 октябри соли 1957 авалин парвози радифи маснӯъи Замин сар дода шуд.

3-ноябри соли 1957  парвози авваллин радифи биологи бо кайҳоннавард Лайка.

12 апрели соли 1961 аввалин дар ҷаҳон парвози  инсон Юрий Гагарин,  бо киштии кайҳонии   «Восток» .

20 феврали соли 1962 аввалин парвози орбиталии астронавти амеркоӣ   Дҷон Гленн, ба кайҳон   .

26-апрели соли 1962 а ввалин радифи маснӯи англичанҳо бо номи  «Ариел-1» сар дода шуд.

29-сентябри соли 1962 радифи аввалини канадагиҳо бо номи «Алуэт-|» ба мадор бароварда шуд.

16 – 19 июни соли1963 аввалин  парвози зан  В. В. Терешкова, бо киштии кайҳонии    «Восток-6» ба кайҳон.

15-декабри соли 1964.- аввалин радифи маснӯъ аз тарафи Италия ба фазо сар дода шуд,  ки номи он «Сан –Марко -|» буд

18 март и соли 1965 аввалин маротиба ба ҳавои кушод баромадани кайҳоннавард А. А. Леонов, бо киштии «Восход-2.

26-ноябри соли 1965  франсия аввалин радифро бо номи «Астерикс» ба мадор бо ёрии ракетабарандаи худӣ баровард.

1 марти соли 1966 аввалин киштии кайҳонии байнисайёравии «Венера-3»,  сайёраи Зӯҳроро фатҳ кард.

27 январи соли 1967 шартномаи байналхалқии принсипҳои  фаъолияти мамлакатҳо оиди тадқиқот ва истифодабарии фазои кайҳон , аз он ҷумла Моҳ ва дигар ҷисмҳои осмонӣ   ба имзо расонда шуд.

29-ноябри 1967. –аввалин радифи маснӯъ бо номи «Вресат»-ро  австралиягиҳо сар доданд.

22 апрели соли 1968   қарордод оиди  наҷатдиҳӣ ҳангоми  ба Замин баргаштани кайҳоннавардон ва дигар  обектҳои ба кайҳон сар додашуда ба имзо расид.

21 июли соли 1969 ба сатҳи Моҳ фуруд омадани киштии кайҳонии «Аполлон-11»,  бо кайҳоннавардони амеркоӣ    Н. Армстронг, Э. Олдрин.

14 октябри соли 1969  ба мадор баровардани Радифҳои Маснӯъи Замин-и    мамлакатҳои сотсиалистӣ. («Интеркосмос-1»).

7-ноябри соли 1969  республикаи Федеративии  Германия радифи аввалини  худ бо номи «Атсур»-ро ба  кайҳон сар дод

11-феврали соли 1970 аввалин радифи японҳо бо номи «Осуми» ба мадор бароварда шуд.

24-апрели соли 1970 авввалин радиф бо номи «Чайна -|» аз тарафи хитоиҳо сар дода шуд.

24 сентябри 1970 ба Замин овардани намунаи хоки Моҳтобӣ бо воситаи киштии кайҳонии   «Луна-16» .

30-августи соли 1974 аввалин маротиба  Нидерландиҳо бо ёрии ракетабарандаи Америкоиҳо ба фазо радифи «А.Н.С.»-ро сар доданд.

15-ноябри соли 1974 .

Аввалин радифи маснӯи Испаниягиҳо  бо номи «Интасат» сар дода шуд

19-апрели соли 1975.Аввалин радифи Ҳиндустон бо номи  «Ариабхата» бо ёрии ракетабарандаи Шӯравӣ сар дода шуд.

17 июли соли 1975 аввалин пайвастшавии ду  киштии кайҳонии Союз-19»-и  Иттиҳоди Шӯравӣ бо кайҳоннавардон .  А. А. Леонов, В. Н. Кубасов, ва киштии кайҳонии «Аполлон»-и ШМА ,  бо астронавтҳо Т. Стаффорд, Д. Слейтон, В. Бранд.

8-июли соли 1976 аввалин радифи Индонезиягиҳо бо номи «Палапа-А» ба фазо парвоз кард..

2 марти соли 1978 парвози аввалин шаҳрванди Чехословакия Владимир Ремек ба кайҳон.

2 июни  соли 1978  парвози аввалин шаҳрванди Полша — Мирослав Гермашевский ба кайҳон.

26 августи соли 1978 парвози аввалин шаҳрванди РДГ — Зигмунд Йен ба кайҳон.

10 апрели соли 1979 парвози аввалин шаҳрванди Булғория  Георгий Иванов. —  ба кайҳон.

26 маи соли 1980 парвози аввалин шаҳрванди Венгрия Берталан Фаркаш  ба кайҳон.

23 июли соли 1980 парвози аввалин кайҳоннаварди Ветнам Фам Туан ба кайҳон .

18 сентябри  соли  соли 1980 парвози аввалин  кайҳоннаварди   Куба — Арналдо Тамайо Мендес  ба кайҳон.

22 марти соли 1981 парвози аввалини кайҳоннаварди Муғулистон   Ҷугдэрдэмидийн Гуррагча ба кайҳон

14 маи соли 1981  парвози аввалини кайҳоннаварди РуминияДумитру Прунариу ба кайҳон

24 июни соли 1982 парвози аввалини кайҳоннаварди Франсия  — Ҷан-Лу Кретен ба кайҳон

18 июни соли 1983 парвози аввалин астронавт-зани амрикои Салли Райд ба кайҳон.

3 апрелисоли 1984 парвози аввалини кайҳоннаварди Ҳиндустон Ракеш  Шарма.  ба кайҳон

25 апрелисоли 1984 аввалин маротиба зан кайҳоннавард Светлана Савитская  аз дохили киштии кайҳонӣӣ“Союз Т-12”ба фазои кушоди кайҳон баромад.

5 октябри соли 1984  парвози аввалини кайҳоннаварди Канада Марк Гарно .  ба кайҳон

8-феврали соли 1985 радифи аввалин бо номи «Бразилсат»-и Бразилия сар дода шуд.

12 апрели соли 1985 парвози Аввалин сенатори америкоӣ  Эдвин Гарн ба кайҳон .

17-июни соли 1985.  Аввалин радифи «Маресол»-и Мексика ба  мадор  бароварда шуд.

17 июни соли 1985 парвози аввалин шаҳрванди Франсия  Патрик Бодри ба кайҳон.

17 июни соли 1985 парвози аввалин шаҳрванди Арабистони Саудӣ Салмон –ал – ба кайҳон.

30 октябри соли 1985.Парвози аввалин шаҳрванди Нидерландия Вуббо Оккел ба кайҳон .

26 ноябри соли 1985  парвози аввалин шаҳрванди Мексика  Рудолф Нери Вела  ба кайҳон.

12 январи соли 1986  парвози аввалин конгресмени амрикоӣ Уилям Нелсон ба кайҳон

20 феврали  1986. ба мадор баровардани стансияи кайҳонии “Мир”.

22 июли соли 1987.парвози аввалин шаҳрванди Сирия Муҳаммад Фарис ба кайҳон ”

29 августи соли 1988.

Парвози аввалин шаҳрванди Афғонистон Абдул Аҳад Моманд  ба кайҳон

2декабри  соли 1990. парвози аввалин шаҳрванди Япония  Тоёхиро Акияма   ба кайҳон..

18маи   соли 1991  парвози аввалин зан-шаҳрванди  Британияи Кабир  Хелен Шарман     ба кайҳон.

18маи   соли 1991  парвози охирин  кайҳоннаварди Иттиҳоди ШӯравӣАнатолий Арсебарский  ба кайҳон.

2 октябри соли 1991  парвози аввалин шаҳрванди Қазоқистон Токтар Аубакиров  ба кайҳон.

2октябри соли 1991  парвози аввалин шаҳрванди Австрия Франс Фибёк    ба кайҳон.

22 январи соли 1992.парвози аввалин зан-шаҳрванди Канада Роберта Бондар ба кайҳон.

17 марти соли 1992  парвози аввалин шаҳрванди  Россияи мустақил Александр Юревич Калери,  ба кайҳон.

17 марти соли 1992 парвози аввалин шаҳрванди Белгия Дирк Фримаут    ба кайҳон.

31июли  соли 1992 парвози аввалин шаҳрванди Шветсария  Клод Николе    ба кайҳон.

31 июли соли 1992.парвози аввалин шаҳрванди Италия Франко Малербо ”   ба кайҳон.

8июли и соли 1994.парвози аввалин зан-шаҳрванди ЯпонииЧиаки Мукаи, ба кайҳон

 19 ноябри  соли  1997  парвози аввалини кайҳоннаварди Украинаи мустақил Леонид Каденюк ба кайҳон .

29 октябри соли 1998. аввалин парвози шаҳрванди Испания — Педро Дуке, ба кайҳон

20 феврали соли 1999  парвози аввалини шаҳрванди Словакия Иван Белла ба кайҳон

25 апрели соли 2002 аввалин парвози шаҳрванди Африкаи Ҷанубӣ — Марк Шаттлуорт, ба кайҳон .

15 январи соли  2003  парвози аввалини кайҳоннаварди Исроил — Илан Рамон, ба кайҳон.

15 октябри соли 2003  парвози аввалини кайҳоннавард (тайконавт)и Хитой  — Ян Ливэй, ба кайҳон.

30 июни соли 2004 стансияи «Кассини» аввалин радифи сунъии сайёраи Зуҳал гашт.

19 сентябри соли 2006 парвози аввалини кайҳоннаварди республикаи исломии Эрон Ануша ба кайҳон.

8 апрели соли 2008 парвози аввалини кайҳоннаварди республикаи Кореяи ҷанубӣ Ли Со Ён ба кайҳон.

8 апрели соли 2008 парвози аввалин писари кайҳоннавард Сергей Волков, ба кайҳон
27 сентябри соли 2008 парвози Аввалин кайҳоннаварди Хитой ба Чҷай Чҷиган кайҳони кушод.

16 июни соли 2012 парвози аввалини зан тайкованди республикаи халқии Хитой Ли Ян ба кайҳон.

25 сентябри соли 2014  парвози аввалин зан шаҳрванди Россияи мустақил Елена Серова ба кайҳон.

9 феврали соли 2015  парвози аввалини шаҳрванди Дания Могенсен Андреас Эневолд ба кайҳон.

Ҷалол Латифов — профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд.

Самеъҷон  Хошоков –ҷонишини директори Планетарияи шаҳри Хуҷанд. Узви иттифоқи ҷурналистони Тоҷикистон.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>