Тавре ки қаблан иттилоҳ дода будем, бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муддати 14 рӯз дар истироҳатгоҳи солимгардонии ба номи 20- солагии Истиқлолият сарварони мактабҳои 12 шаҳру ноҳияҳои вилоят ба семинари омӯзишӣ ҷалб гардида буданд.

Дар ин чорабинӣ роҳбарони мактабҳо бо тарзи идоркунӣ ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳо ошноӣ пайдо карда буданд.

Идомаи ин семинарии омӯзишӣ бо ширкати сарварони мактабҳои шаҳру навоҳии Хуҷанд, Қайроққум, Чкалов, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Спитамен дар гимназияи рақами 4-и шаҳри Хуҷанд таи даҳ рӯз аст, ки идома дорад. Ба ин семинар 75 нафар сарварони мактабҳо ҷалб гардида, ба онҳо тренерони бомаҳорат, ки аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштаанд, машғулиятҳои амалӣ мегузаронанд. Дар назар аст, ки чунин семинарҳо барои сарварони мактабҳо солҳои минбаҳда давом хоҳанд кард.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>