Бинои муассисаи тахсилоти миёнаи умумии гайридавлати барои хонандагони болаёкат дар нохияи Спитамен дорои 22 синфхона, китобхона, мачлисгох, бунгохи тиббӣ ошхона буда, барои 240 хонанда пешбинӣ шудааст.Толори варзишӣ барои 200 ҷойи нишаст, хобгох барои 50 нафар ба мачмааи муассиса дохил мешавад.
Кабинети фанни физика, химия, билогия, забони русӣ ва англисӣ бо таҷҳизоти навтарини технологӣ: компютер, принтер камераи мушоҳидавӣ тахтахои электронӣ муҷаҳҳаз шудаанд. Дар ин муассиса шароити тахсил, кор ва зист ба талаботи стандарти чахонӣ ҷавобгӯ хохад шуд.
Ба муассисаи таълимии навтаъсис омузгорони баландихтисоси синфҳои ибтидоӣ ва болоӣ, хонандагони синфхои 1 то 9 тариқи озмун ба кор ва тахсил қабул карда мешаванд. Мохонаи омузгорони муассиса шартномавӣ буда, пас аз муқаррар шудани сатхи дониш хонандаи сирф аълохон ройгон таълим мегирад.