Соли хониш аз машварат оғоз шавад

Омӯзгорони шаҳру ноҳия ҳама сол дар моҳи август машваратҳо аз ҳама фанҳои таълимӣ доир карда, фаъолияти худро барои соли хониши нав тарҳрезӣ мекунанд. Дар ин машваратҳо омӯзгорон аз таҷрибаи худ, натиҷаи тозакориҳо, бозёфту навгониҳо ба якдигар нақлҳо мекунанд, роҳи таълими фан, татбиқи нақшаю барномаҳо, дастуру ҳидоятҳои Сарвари мамлакатро мавриди баррасӣ қарор дода, роҳу усули беҳтарини кори таълиму тарбияро муқаррар мекунанд. (далее…)

Осим каримзода: сатҳу сифати забономӯзониро баланд бардорем!

Дар машварати кории назди сардори Раёсати маорифи вилоят, ки имрӯз доир гардид, як қатор масъалаҳои муҳими рӯзмарра, аз ҷумла риояи қатъии интизоми меҳнат, ташкили гурӯҳи корӣ аз ҳисоби мутахассисони ботаҷриба, ба роҳ мондани аудити дохилӣ ва назорати қатъии истифодаи мақсадноки маблағҳо, назорати сифати корҳои таъмирию ободонӣ, омодагии ҳаматарафа ба олимпиадаи вилоятии хонандагони синфи 10, даври ҷумҳуриявии олимпиада ва  иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, таҳия ва таҳлили маълумоти омории ҳармоҳа оид ба ҷиноятсодиркунии хонандагон, таҳияи нақша- чорабиниҳо вобаста ба татбиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунгузори кишвар ва ба роҳ мондани корбарӣ аз рӯи он, истифодаи босамари имкониятҳои воситаҳои ахбори омма дар самти инъикоси фаъолияти маорифчиён, ҳамкории пурсамар бо сомонаи интернетии Раёсати маорифи вилоят, баланд бардоштани сифати машғулиятҳои курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорони фанҳои забони давлатӣ, забони русӣ ва забони хориҷӣ, ҷалби омӯзгорони пешқадам ва ботаҷрибаи маҳаллӣ ва мутахассисони баландихтисоси хориҷӣ ҷиҳати омӯзонидани таҷрибаи пешқадам ва усулҳои босамари таълими забонҳо, ташкили ҳашару шанбегиҳо бо мақсади ободонӣ, тайёрии ҳамаҷиҳата ва таъмини ширкати фаъолонаи аҳли маориф дар чорабиниҳои ҷашнии «Фестивали лола», «Сайри лола» ва «Карнавали наврӯзӣ», истифодаи босамари соати захиравӣ ва дарсҳои иловагӣ дар муассисаҳои таълимӣ, идома додани анъанаи гузаронидани Рӯзҳои Раёсати маорифи вилоят дар шаҳру ноҳияҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. (далее…)

Машварати директорони Марказҳои технологияи информатсиони ва коммуникатсияи вилояти Суғд

29 январи дар Маркази технологияи информатсиони ва коммуникатсияи (ТИК) назди Раёсати маорифи вилояти Суғд машварати директорони Марказҳои ТИК-и шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид.  (далее…)