Аҳамияти калидии соҳаи маориф аст, ки комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон ҷаласаи нахустини худро ба соҳаи маориф бахшида, масъалаи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.07.2017, №357 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022»-ро мавриди баррасӣ қарор дод. Ҷаласа санаи 18 июни соли равон таҳти раёсати Дилафрӯз Саидӣ, вакил аз ҳавзаи интихоботии №5 «Масҷиди Сурх»-и шаҳри Хуҷанд, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ҷараён гирифта, дар кори он аъзоёни комиссия, вакилони навинтихоби халқ, ҳамчунин таклифшудагон, аз ҷумла муовини  Раиси вилояти Суғд муҳтарам Зайнура Азимӣ, директори филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар вилояти Суғд М.Исомаддинзода, роҳбари Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии вилояти Суғд», намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят иштирок намуданд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа директори филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар вилояти Суғд Исомаддинзода Муҳаммад Эргаш доир ба бурду бохти филиали донишкада дар самти татбиқи барномаи мазкур давоми солҳои 2018, 2019 ва чор моҳи соли 2020, хусусан оид ба фарогирии бештари омӯзгорон ба курсҳои такмили ихтисос, таъмини сифат ва самаранокии курсҳо, истифодаи таҷрибаи пешқадами педагогӣ, технологияи пешрафта ва инноватсионӣ дар курсҳои такмили ихтисос, такмили заминаҳои моддию техникӣ ва илмию методии муассиса, аз ҷумла ташкил ва ҷиҳозонидани кабинетҳои фаннӣ, хусусан аз фанҳои табиию риёзӣ, забонҳо, ба роҳ мондани омӯзишҳои фосилавӣ ва дигарон дар назди вакилони халқ гузориш дод.
Дар анҷоми гузориш вакилони халқ – аъзоёни комиссия ба музокирот баромада, доир ба масъалаи мазкур ибрози андеша намуданд. Ҳамчунин аз ҷониби муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ҷиҳати ҳарчӣ зудтар ташкил ва роҳандозӣ шудани курсҳои такмили ихтисоси фосилавӣ бо назардошти талаботи сироятшавӣ ва паҳншавии бемории нави COVID- 19, ҳаддалимкон зиёд карда шудани соатҳои пешбинишудаи равоншиносӣ барои курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон, бо назардошти эълон шудани 20-солаи омӯзиши  фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан ба таъсису ҷиҳозонидани кабинетҳои таълимии фаннии ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва дар ин замина густариш бахшидани ин раванд дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди вилоят ва амсоли ин масъалаҳои мубрами вобаста ба такмили ихтисос ва ташаккули малакаи касбии омӯзгорон ба масъулини соҳа дастуру ҳидоятҳои муфид дода шуданд.

 

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>