Таҳти ҳамин унвон дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти олимон ва мутахассисони Планетарияи маркази вилоят бо фаъолони Ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан»-и кумиҷроияи ҲХДТ-и вилоят баргузор гардид.
Дар ин ҷамъомад дар назди ҳозирин мудири бахши кор бо ҷавонони кумиҷроияи ҲХДТ-и вилоят Мадина Ҳомидова, ҷонишини директори Планетария Самеъ Хошоков, профессор Ҷалол Латипов сухан карда, оиди мавзӯъҳои ҳодисаҳои астрономӣ, таърихи астрономияи тоҷик, кайҳон ва кайҳоннавардии муосир баромадҳои пурмазмун карданд.