Дар толори қасри фарҳанги шаҳри Гулистон мулоқоти озоду шаффофи роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят бо хатмкунандагони ин шаҳри саноатӣ баргузор шуд.
Чорабиниро муовини раиси шаҳр Оқилов Ғайратҷон Ахмедович ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки бо ташаббуси Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ соли дуюм аст, ки мулоқоти рохбарони муассисаҳои олии вилоят бо хатмкунандагони шаҳру ноҳияҳо доир мегардад. Ин тадбири муҳим баҳри боз ҳам бештар огоҳӣ пайдо намудани муҳассилин аз шароити таълимиву моддии муассисаҳои олӣ таккони ҷиддие хоҳад бахшид. (далее…)