Дар Кохи фарҳанги «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид, муовинони вазир, муовини Раиси вилоят Назир Ғаффорӣ, муовинони раисони шаҳру навоҳии вилоят, кормандону роҳбарони шуъбаҳои Раёсати маорифи вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони баъзе аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷаласаи ҳайати мушовараи сайёри Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Қабл аз оғози чорабинӣ дар саҳни бинои кохи фарҳангӣ намоиши дастовардҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба маърази тамошо гузошта шуд. Вазири маориф ва ҳайати ҳамроҳони ӯ зимни азназаргузаронии намоиши мазкур ба фаъолияти илмӣ, вазъи пояи моддиву техникии донишгоҳу донишкадаҳо баҳои баланд доданд. Ҳамзамон аз ҷониби Вазир дастур дода шуд, ки донишҷӯёну омӯзгорон, муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҳар вақта дида бештар саҳм гиранд. (далее…)