ҒОЛИБИЯТИ ДАСТАИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИХТИРОЪКОРОН ВА НАВОВАРОНИ НАВРАС ВА ҶАВОН»

222Санаи 12-13 октябри соли ҷорӣ дар МД «Китобхонаи Миллӣ» -и шаҳри Душанбе фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкорон ва навоварони наврас ва ҷавон» таҳти шиори «Ҷавонон созандагони Ватан» баргузор ва ҷамъбаст гардид. Дар озмуни мазкур наздик 500 нафар ҷавонон ва наврасони муассисаҳои таълимӣ ва олию касбӣ иштирок намуданд. Дастаи вилояти Суғд иборат аз 115 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва донишҷуёни донишгоҳҳои олии қаламравӣ вилоят  дар фестивали мазкур иштирок намуданд. Ҳамчунин аз вилояти Хатлон 109 нафар, ВМКБ-27 нафар, ноҳияҳои тобеъи марказ, шаҳри Душанбе, водии Рашт низ иштироки фаъолона доштанд. (далее…)

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ РӮДАКИХОНӢ

Дар ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳри Исфара таҳти унвони «Забони модарӣ – забони назми оламгири Рӯдакӣ» озмун баргузор гардид ва 138 нафар ғолиби даври мактабӣ — хонандагони синфҳои 3 ва 11 дар озмуни шаҳрии рӯдакихонӣ иштирок намуданд.
Озмун чунин натиҷа дод:

Дипломи дараҷаи 1 насиби хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 Ҳадятулло Мамадов; дипломи дараҷаи 2 насиби хонандагони литсейи №2 Иқбол Темурҷонов ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №68 Нигора Фахриева; дипломи дараҷаи 3 насиби хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 Исроил Шамсидинов, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №66 Хушноза Бобоева ва литсейи №1 Шукрулло Аҳадов гардид.
Дастаи хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51 ва хонандагони зерин бо диплом сарфароз гардиданд:

Мастура Қаҳорова (аз м.т.м.у. №5);
Маҳбуба Ҷӯраева (аз м.т.м.у. №10);
Билол Шерализода (аз м.т.м.у. №3);
Акрамҷон Мавлонов (аз м.т.м.у. №32);
Оминахон Раҳимова (аз м.т.м.у. №6);
Меҳрона Холиқова (аз м.т.м.у. №31);
Муслима Мамадова (аз м.т.м.у. №1);
Гулҷаҳон Икромова (аз литсейи №2);
Гулҷаҳон Каримова (аз м.т.м.у. №1);
Меҳрона Султонова (аз м.т.м.у. №1);
Хонандагони мактаб-интернати махсуси қувваи босираашон суст, ки аз ашъори устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сурудҳо замзама намуданд, бо диплом қадр карда шуданд.