ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ «ТУРСУНЗОДАХОНӢ» ДАР ШАҲРҲОИ БӮСТОН ВА ИСТАРАВШАН ПУРШУКӮҲ ДОИР ГАРДИД.

      279090646_552401329828283_7102222353816154056_n Бо хотири гиромидошти хотираи неки Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода даври шаҳрии озмуни  «Турсунзодахонӣ»  дар шаҳрҳои Бӯстон ва Истаравшан бо корбарии Марказҳои таҳсилоти иловагӣ ташкил ва баргузор гардид.
       Мақсади асосии озмуни мазкур ҷалби аъзоёни маҳфилҳои Марказҳои таҳсилоти иловагӣ ва наздимактабӣ ба адабиёт, шеъру шоирӣ, бедор намудани ҳисси эъҷодкорӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, бой гардонидани захираи луғавӣ, тарғиби ғояҳои ватандӯстона ва таҳкими эҳсоси худогоҳиву худшиносии насли наврас мебошад.278919415_552401436494939_9101761141306885546_n
       Дар натиҷа беҳтаринҳо муайян, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуда, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
      278574411_552401736494909_8798558306348211518_nБаргузории даври вилоятии озмун санаи 28 апрели соли 2022 дар Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд ба нақша гирифта шудааст.

(далее…)

“Тоҷикистон — Ватани азизи ман”

279036133_362185475955175_3428425915079000194_n      Дар машварати доимоамалкунандаи муовинони директор оид ба таълими муассисаҳои таълимии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дирӯз дар МТМУ №10, Ҷамоати деҳоти Ёва баргузор гардид, 11 соат дарс аз ҷониби омӯзгорон пешниҳод шуд.

(далее…)

Корҳо амалан пешрав бошанд.

278634340_362096822630707_8407945588273940627_n      Санаи 26-уми апрели соли равон тибқи нақшаи кории Раёсати маорифи вилояти Суғд фаъолияти муассисаҳои таълимии миёнаи умумии рақамҳои 14, 50, 61 ва муассисаи таълимии томактабии рақами 11-и деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби мудири шуъбаи кадрҳо ва сармутахассиси шуъбаи банақшагирӣ, ояндабинӣ ва омори Раёсат мавриди санҷиш қарор гирифт.

(далее…)

Тарбияи насли наврас-тақозои замон.

        Бо мақсади 278578425_361646566009066_7441932564529455230_nсанаи 26 апрели соли 2022 дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ аз ҷониби кормандони Раёсати маорифи вилояти Суғд дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии №20, 27 ва 40-и шаҳри Хуҷанд боздид ба амал оварда шуд.
       Дар рафти боздид маълум гардид, бо вуҷуди эҷодкорию пешравиҳо камбудиҳо низ дар самти қабули кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, риоя нагардидани ҷадвали машғулият дар баъзан аз гурӯҳҳои омодагӣ ба мактаб ва ба талабот ҷавобгӯ набудани тозагӣ дар гурӯҳҳо ҷой доштанд.
 

(далее…)

Либосҳои мактабӣ – муаррифгари муҳассилин.

     278576959_361568689350187_7611941544032362356_n Санаи 26-уми апрели соли равон дар МТМУ №12 ба номи Мирзобарот Исмоилов ва МТМУ №18-и шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар асоси нақшаи чорабиниҳо машварати Рӯзи нозирӣ бо иштироки директорони муассисаҳои таълимӣ, МТТ, МТИ-и қаламрави Ҷамоатҳои болозикр гузаронида шуд.

(далее…)

ПЕШНИҲОДИ БЕШ АЗ 7 ҲАЗОР КОРҲОИ ИЛМӢ — ТАҲҚИҚОТӢ АЗ ҶОНИБИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР ДАВРИ ШАҲРИВУ НОҲИЯВИИ СЕССИЯИ «АКАДЕМИЯИ ХУРДИ ИЛМҲО»

      278570106_551630193238730_9046211919640922477_n
Дар асоси фармоиши сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд №52 аз 24.02.22 бо мақсади бедор намудани шавқу завқи хонандагон ба донишомӯзӣ, сайқал додани малакаву маҳорати корҳои илмиву тадқиқотии онҳо,  ҷалби хонандагони лаёқатманду боистеъдод ба таҳияи корҳои илмӣ-таҳиқотӣ бахшида ба эълон гардидани Солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф» ва 50-солагии Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон бо корбарии Марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилоят давоми моҳи апрел даври шаҳриву ноҳиявии Сессияи Академияи хурди илмҳо пуршукӯҳ доир гардида, дар кори он беш аз 7 ҳазор хонандагони муассисаҳои таълимӣ фаъолона иштирок намуданд.
Сессияи Академияи хурди илмҳо дар асоси Низомнома аз рӯи 20 бахш: физика, астрофизика, математика, химия, биология, тиб, иқтисодиёт, экология, география, информатика, забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, педагогика, психология, таърих, ҳуқуқ ва рӯзноманигорӣ гузаронида шуд.279201736_551631043238645_4821584172030197540_n
     Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун беҳтаринҳо муайян гардида бо Диплому ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуда, ба даври вилоятии озмун, ки даҳаи аввали моҳи май ба нақша гирифта шудааст, роҳхат гирифтанд.
      Лозим ба таъкид аст, ки фаъолияти Академияи хурди илмҳо дар вилояти Суғд аз ҷониби Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳо ва намояндагии Академияи хурди илмҳои вилояти Суғд ба роҳ монад шуда, имрӯз дар назди муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ беш аз 70 маҳфилҳои доимоамалкунандаи Академияи хурди илмҳо ба роҳ монда шуда, ба кори онҳо беш аз 5000 хонандагон ҷалб карда шудаанд.
    278905509_551630519905364_8285203403124873590_n  Ҳамасола бо дастгирии ҳамаҷонибаи Акадамияи миллии илмҳои Тоҷикистон Сессияи Академияи хурди илмҳо аз ҷониби Акдемияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
     Имсол низ даври ҷумҳуриявии он даҳаи сеюми моҳи май дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.
     Ҳамасола хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Суғд дар Сессияи баҳории Академияи хурди илмҳо хуб баромад намуда, таи 5 соли охир дар қаламрави ҷумҳурӣ мақоми аввалро касб менамоянд.

 

 

Муаррифии рисолати касбӣ.

278582882_360954079411648_2943958346901057957_n             Санаи 25 – уми апрели соли равон, тибқи нақшаи чорабиниҳои Литсейи физикӣ- математикии №1 ба номи академик М.Осимии шаҳри Хуҷанд дар доираи якмоҳаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва баланд бардоштани маърифати толибилмон бо иштироки хонандагони синфи 7″А» омӯзгор Гулнора Ҳакимова дар кушоди намунавиро дар мавзӯи «Компютер дар ҳаёти мо» баргузор намуд.     Ҳамчунин, омӯзгор Шаҳноза Камолова бо хонандагони синфи 9″Б» дар мавзӯи «Ҳаёт ва эҷодиёти Уильям Шекспир»  ҳисоботи эҷодӣ гузаронид ва рисолати таълимдиҳиро воло муаррифӣ намуд. 

(далее…)

Беҳдошти фаъолият-мақсади асосӣ

  278568947_360934056080317_2291588994526139649_nСанаҳои 22.04.2022 ва 25.04.2022 кормандони Раёсати маорифи вилояти Суғд барои аз наздик шинос шудан бо вазъи таълиму тарбия ва сатҳи сифати дониши хонандагони муассисаҳои таълимӣ маркази шаҳри Гулистон ва ҷамоатҳои шаҳраки Сирдарё, Чойрухдаррон ва Консой дидан намуданд. Кормандони Раёсати маорифи вилоят аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№1, 8, 14, 2 ,3 гимназияи №1 ва муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ мавриди боздид қарор доданд. (далее…)

Баҳри тақвияти таълим.

      278578928_360916536082069_5624921642854247001_nСанаи 25 — апрел кормандони шӯъбаи маорифи ноҳияи Ашт аз раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии рақамҳои 2, 17, 65 дидан намуданд.   Зимни санҷиш муайян гардид, ки давомоти хонандагон хуб буда, дар рӯзномаҳои хонандагон камбудиҳои ҷузъӣ, ба монанди кам будани баҳо, аз тарафи волидайн назорат накардан, дар журналҳои синфи ислоҳи баҳо ба назар мерасанд.  Ҳамзамон, кормандони шуъба ҷиҳати қабулшавии хонандагони синфҳои 11 тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳҳои олӣ маслиҳатҳои методӣ доданд.

278568933_360915822748807_2222493191762608701_n278578215_360915912748798_6695814889346504209_n278570731_360916072748782_2510540972569543921_n

(далее…)