Д И Қ Қ А Т !

      281320690_375378387969217_7019486331589044398_nБа таваҷҷуҳи шаҳрвандон-истиқоматкунандагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мерасонем, ки санаи 21.05.2022, аз соати 08:00 то соати 10:00 дар Мактаби байналмилалии “Контакт”-и шаҳри Исфара аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро ва муовинони ӯ қабули сайёри шаҳрвандон баргузор мегардад.

Маросими тақсимоти мутахассисони ҷавон

    281161002_375335457973510_4521730128688941474_n Дар Муассисаи давлатии “Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ”-и маркази вилоят санаи 16-уми май маросими тақсимоти мутахассисони ҷавон – хатмкардагони риштаи омӯзгории Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” барои идомаи фаъолият дар муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид.

(далее…)

Андар роҳи худшиносӣ бошем

    Терроризм ва экстремизм дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад.
    Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт баромад мекунад. Имрӯз масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз масъалаҳои асосии хусусияти ҷаҳонидошта пайдо кардааст. Ин вабои аср ба амнияти тамоми давлатҳои ҷаҳон таҳдид намуда истодааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз он беканор намондааст.
Имрӯз халқ шоҳиди он гардидааст, ки чӣ гуна терроризми байналмиллалӣ амалиёти таҷовузкоронаи худро таҳти ливои сиёсии моҷароҷӯӣ ва таассуби динӣ амалӣ мегардонад.
     Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст.
Ифротгароӣ дар кадом шакл, ки бошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Бинобар он ҳамеша ҳушёру зирак будан шарт аст.
    Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақа манфиат доранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирандешӣ намуда истодааст.
Мо омӯзгорон ҳамеша терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Хонандагонро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намуда, ба роҳи дуруст ҳидоят менамоем Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем.
         Ба хонандагон талқин менамоем, ки андар роҳи худшиносӣ устуворона қадам гузоранд.
Ситора Ҷӯраева,
омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи
Литсейи Донишкадаи политехникии
шаҳри Хуҷанд ба номи М.Осимӣ