Ҳаёти осоишта худ зиндагист!

      Баробари ҷаҳонишавии раванди нав дар олам, бо хотири тақсими неъматҳои моддӣ ва сарватҳои табиӣ муборизаи давлатҳои абарқудрат авҷ гирифта, ҳодисаҳои номатлуб меафзояд. Аз ҷумла, терроризму экстремизм густариш ёфта, ба ҳар хона аз маърифат дур будан роҳ меёбад.
       Дар ҷомеаи муосири мо ҳар як шахси худогоҳ бояд бидонад, ки ҳисси баланди ватандӯстӣ дошта бошанд, бо сабру таҳаммул ҳаётро рангину зебо гардонем. Ба зидди ифротгароӣ зиракии сиёсиро қавӣ гардонем. Ҷавононро аз гумроҳӣ раҳо созем. Дар ин самт бар зидди террористону экстремистон тамоми тадбирҳоро биандешем. Ифротгароӣ амали номатлуб буда, дар худ оқибат шармсорӣ, бадномӣ дорад, шармсорӣ ба хонадонҳо падид меояд.
     Ҷавонон ҳамчун давомдиҳандагони татбиқи ҳадафҳои олӣ эътироф шудаанд. Ҷавонони мо дониста бошанд, ки раҳгумзадагиву носипосиву ғуломи хоҷагони хориҷӣ шуданҳо оқибатҳои вазнин доранд.
Ифротиёни носипос фаромӯш кардаанд, ки ин ҳама бадхоҳӣ оқибат баҳои ҳақиқии худро мегирад. Оқибат ба пушаймонӣ оварда мерасонад. Ифротиён хоинони Ватан ҳастанд. Аз онҳо мо ҳазар мекунем.
Ҳар як сокини кишварамон дарк кунанд, ки шароити арзандаи зиндагӣ дорем.
Усмон САИД,
собиқадори меҳнат, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Баррасии масъалаҳои муҳим

        изображение_viber_2022-05-06_12-55-21-333Дар толори шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи Шӯрои ғайринавбатии маорифчиёни ноҳия баргузор гардид.
       Дар ҷаласа бобати фарогирии масъалаҳои вазъи таълиму тарбияи мактаббачагон, таъминот бо либоси ягонаи мактабӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунии хонандагон ва рафти дохилшавии хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ тариқи Маркази миллии тестӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.изображение_viber_2022-05-06_12-55-21-226 изображение_viber_2022-05-06_12-55-22-943

(далее…)

Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад.

         изображение_viber_2022-05-06_08-19-29-806Бахшида ба Рӯзи Ғалаба хонандагони синфҳои 2-11 бо омӯзгорони фанни забони русӣ чорабинии адабӣ-фарҳангӣ баргузор карданд.
         Дар маҳфил ёд аз диловариҳои шуҷоъатмандони Ватан карда шуда, барномаҳои рангин, аз қабили сурудҳо, саҳнаҷаҳои ҷолиб намоиш дода шуданд.

(далее…)

Иди Ғалаба муборак.

           изображение_viber_2022-05-06_08-17-13-212  Бахшида ба Иди Ғалаба дар Гимназияи №1-и шаҳри Истаравшан чорабинии шавқовар доир гардид. Меҳмонони ҷамъомад оид ба диловариҳои родмардони Ватан дар ҷабҳаҳои хунин ҳарф зада, таъкид доштанд, ки барои аз юғи фашизм озод намудани мардуми кишварҳои Аврупо тоҷикон низ саҳм гирифтаанд. (далее…)

СЕССИЯИ БАҲОРИИ АКАДЕМИЯИ ХУРДИ ИЛМҲО ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

      279821072_366836732156716_3800930938893955336_n  Оғози даври вилоятии сессияи Академияи хурди илмҳо бо иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Конибодом, Исфара, Панҷакент, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич, Зафаробод, Ашт ва Шаҳристон дар Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд бо ибтикори Раёсати маорифи вилоят.  Баъди нисфирузӣ бо иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Мастчоҳ дар Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд идома ёфт. (далее…)