Таҷлили бошукӯҳ

285730244_386732676833788_3355787471384423671_n    Бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Боғи фарҳангию фароғатии “Наврӯзгоҳ”–и шаҳри Хуҷанд Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бошукӯҳ таҷлил гардид. Дар ин ҷо гӯшаи зиндаи ҳайвоноту парандаҳои гуногун, гӯшаи саломатӣ ва аёниятҳои табиии тарзи ҳаёти солим, гӯшаи техникони наврас, барномаҳои фарҳангии кӯдакистонҳо, бозиҳои варзишӣ ташкил гардида, маҳсули меҳнати дастии хонандагон–ғолибон ва иштирокдорони озмунҳои “Техникони наврас”, “Дастони моҳир”, “Шаҳри ояндаи ман”, “Ихтироъкорони беҳтарин” ба намоиш гузошта шуда буданд, ки Раиси вилоят аз онҳо дидан намуд.285630776_386735643500158_6869974171456099303_n
   Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода баъди таҳнияти тифлакони саодатманд дар суханони табрикотии худ зикр намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бобати мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои маориф, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандагон ва рӯ овардани онҳо ба омӯзиши касбу ҳунар пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Ғолибони озмун ва иштирокчиёни тантанаҳои ҷашнӣ аз ҷониби Раиси вилоят ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо туҳфаҳо сарфароз гардиданд.
   Ҳунарнамоии тифлакони босаодат – дилбохтагони санъат ва тақдими композитсияи адабӣ – мусиқӣ анҷомбахши тантанаҳои Рӯзи байналхалқии ҳифзи кӯдакон гардид.

(далее…)