Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии давлатӣ ва ҷалби духтарони деҳоти дурдасти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату фарҳанги онҳо, ҳамчунин дастгирии писарони лаёқатманд қарор аз 28 ноябри соли 2015, № 708 «Дар бораи Нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020»-ро қабул намуда буд.
Тибқи Нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 17 шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамасола 302 ҷой, аз ҷумла 154 ҷой барои духтарон ва 148 ҷой барои писарон пешбинӣ гардидааст.
Дар асоси супориши Раиси вилоят дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо бо хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, волидайни хонандагон ва масъулини шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо бо мақсади фаҳмондадиҳии Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи президентӣ гзаронидани вохӯриҳо бо иштироки намояндагони Раёсати маорифи вилоят ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлтӣ ба нақша гирифат шудааст.