Дар арафаи соли нави милодӣ 110 нафар кӯдакону наврасони вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар истироҳатгоҳи ба номи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов наздик панҷ моҳ инҷониб таҳти ғамхориҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, идораву муассисаҳо ва аҳли ҷомеаи вилоят қарор доштаанд, ба зодгоҳи худ ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Дарвоз гусел карда шуданд.
Ҳини гусели кӯдакону наврасони ВМКБ роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят Ғафурҷон Зоиров қайд намуд, ки дар асоси супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон давоми панҷ моҳ барои ин наврасон маҳфилҳои касбомӯзӣ, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, сайру гашт ба мавзеъҳои таърихӣ, барномаҳои фарҳангӣ ташкил карда шуда, бо ҷалби омӯзгорони пуртаҷриба дарсҳои таълимӣ ташкил ва ба роҳ монда шуда буд.
Хонандагон ва омузгорони онҳо, ки тули панҷ моҳ онҳоро дар ин истироҳатгоҳ ҳамроҳӣ доштанд, аз таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Раиси вилояти Суғд ва сокинони вилоят арзи сипос ва миннатдории хешро баён доштанд. Ба таъкиди омӯзгорони ВМКБ баҳри истироҳату фароғат ва ҳамзамон таълиму тарбияи кудакони аз 6 то 16 сола дар истироҳатгоҳ беҳтарин шароитҳо фароҳам оварда шуда буд.
Бояд қайд кард, ки моҳи июли соли ҷорӣ бинобар сабаби сар задани офати табиӣ ва омадани сел ба як қатор минтақаҳои вилояти Бадахшон хисороти зиёд расонида шуда, теъдоде аз шаҳрвандон бесарпаноҳ монданд. Сокинони бар асари офат зарардида аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа дастгирӣ ёфта, бо супориши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон кӯдакону наврасони бадахшонӣ дар истироҳатгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ҷойгир ва ба ғамхорӣ фаро гирифта шуданд ва давоми панҷ моҳ, то бунёди манзили зисти оилаҳояшон дар ҳамин урдугоҳ қарор доштанд. Дар ин муддат аз ҷониби роҳбарияти вилоят тамоми тадбирҳо андешида шуд ва кӯдакону наврасон ба истироҳату таълим фаро гирифта шуданд.
Моҳи сентябри соли равон дар остонаи соли нави хониш шахсан Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба истироҳатгоҳи мазкур ташриф оварда, бо хонандагон суҳбати гарму самимӣ орост ва ба онҳо туҳфаҳо, аз ҷумла ду намуди сарулибоси ягонаи мактабӣ, пойафзолу либосҳои тобистонаву зимистона, ҷузвдон, китобҳои дарсӣ ва дигар ашёи хониш тақдим намуд. Шуруъ аз 1-уми сентябр хонандагони бадахшонӣ дар қатори ҳазорон хонандаи дигар соли нави таҳсили хешро маҳз дар ҳамин истироҳатгоҳ оғоз намуданд ва баҳри онҳо дар истироҳатгоҳ синфхонаҳои алоҳидаи фанниву машғулиятгузаронӣ ва компутериву касбомузӣ ташкил карда шуда, устодони пуртаҷриба ҷалб гардидаанд.
Роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят баробари ибрози суханҳои гарму самимӣ ба ҳамаи наврасон туҳфаҳои солинавии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро тақдим намуд.
Сипас наврасону кӯдакони ВМКБ бо муҳаббату самимияти хоса бо ҳамсолони суғдии худ хайрухуш намуда, ба сӯи зодгоҳи худ раҳсипор гардиданд.