Санаи 22.07.2016 дар маҷлиси назоратии назди сардори раёсати маорифи вилоят масъалаҳои «Натиҷаи маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти хоҷагии халқи вилоят дар нимсолаи аввали соли 2016», «Пешниҳоди Прокуратураи вилоят «Оид ба бартарафсозии қонунвайронкуниҳо дар муассисаи таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Бӯстон», «Омодагӣ ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ощози соли таҳсили 2016-2017» мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифт.
Сардори Раёсати маориф Каримзода О.Қ. ҳозиринро бо мундариҷаи маҷлиси ҷамъбастии фаъолони хоҷагии халқи вилоят ва пешниҳоди Прокуратураи вилоят шинос намуда, барои татбиқи онҳо шахсони масъулро вазифагузорӣ кард.