Ватани азизу маҳбуби мо Тоҷикистонро ҳамчун миллату давлати куҳанбунёду соҳибфарҳанг дар арсаи байналмиллалӣ шинохтаву эътироф намудаанд. Дар ҳамин радиф бояд тазаккур дод, ки ин ҳама обрӯву нуфузе, ки кишвари мо пайдо намудааст, туфайли талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Пас вазифаи имрӯзаи мо — шаҳрвандони ватандӯсту ватанпарвар дар он аст, ки ба хотири пойдории ин арзишҳо фаъолият намоем, аз озодиву ободии Ватани азиз шукр гӯем.
    Маврид ба зикри хос аст, ки имрӯз бояд ҳар кадом аз шаҳрвандони баору номуси кишвар ифтихор аз Ватану ватандорӣ намуда, амалҳои номатлуби нафарони хиёнаткору бадрaфтор ва кӯрнамакро маҳкум намоем. Нагузорем, ки ин нохалафон, ҳадафҳои нопоки хешро бо воситаи гумроҳ сохтани мардум амалӣ созанд ва аз номи шаҳрвандони бегуноҳи кишвар дар ҷомеа доғ гузоранд.
     Хизмат ба Ватан дар роҳи ҳақиқату адолат барои ҳар кадоме аз шаҳрвандони кишвар шараф аст. Ҳимояи обрӯву нуфузи байналмилалии он бошад, вазифаи ҳар нафари баору номуси кишвар маҳсуб меёбад. Аз ҳамин лиҳоз барои ҳар кадоме аз мардуми шарифи миллати тоҷик, бахусус аз ҷавонони оқилу доно даъват ба амал меоварам, ки хоҳ дар дохили кишвар ва ё хоҳ дар хориҷ иқомат дошта бошанд, ба фитнаву дурӯғи нохалафон бовар накунанд. Баръакси ҳолат бар қасди он душманоне, ки миллати моро, Истиқлолияту ваҳдати милии моро барҳам додан меҳоҳанд, илму дониш омӯхта, бо маърифти волову маданияти миллати тоҷик обрӯю мақоми халқамонро баланд бардоранд.
     Мутмаинам, ки тамоми ҷавонони кишвар, ки ояндаи миллати тоҷикро бино месозанд, бо ҳисси баланди масъулият дар рушду нумӯи ҳама соҳаҳо саҳми босазо хоҳанд гирифт.
Ҷавонони азиз, ҳама вақт кӯшиш намоед то ба боварии давлату Ҳукумати кишвар, хосатан, мардуми миллати тоҷик сазовор бошед.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>