ОМӮЗГОР ВА МУРАББИИ СОЛИ ВИЛОЯТ МУАЙЯН ГАРДИДАНД.

1 (3)Соли равон дар асоси Низомномаи озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон”, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.01.2015, №29/2 тасдиқ шудааст ва Низомномаи озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон”, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.05.2015, №13/1 тасдиқ шудааст, даври аввали озмунҳои мазкур дар шаҳру ноҳияҳо ва даври вилоятиашон рӯзҳои 1 ва 2 декабр доир гардид.
Дар марҳилаи аввали озмуни вилоятии “Мураббии соли Тоҷикистон” 11 нафар ғолибони даври шаҳриву ноҳиявии озмун аз рӯи 5 шарт — машғулияти таълимӣ, мизи мудаввар, тасвир намудан ва сохтани манзара, дониш ва маҳорати касбии мураббия, ҳолатҳои равонӣ — педагогӣ ширкат варзида, 3 нафарашон: Ахмедова Ирода — мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №4-и шаҳри Конибодом, Ҳоҷибоева Таҳмина — мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №8 -и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Сафарова Манфиат — мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии 7-и ноҳияи Мастчоҳ ба даври ҷамъбастии озмун роҳхат гирифтанд.4
Дар даври ҷамъбастӣ довталабон аз рӯйи шарти муаррифии таҷрибаи корӣ дар доираи 20 дақиқа донишу маҳорати худро намоиш доданд.
Боиси қайд аст, ки ҳамаи иштирокчиён аз уҳдаи иҷрои шартҳо ба хубӣ баромаданд ва аз воситаҳои аёнӣ, диск ва таҷҳизоти дастисохт моҳирона истифода бурданд.
Дар ҷамъбаст мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №8 -и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров -Ҳоҷибоева Таҳмина сазовори ҷойи якум гардид ва ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифт.3
Дар марҳилаи аввали озмуни вилоятии “Омӯзгори соли Тоҷикистон” 15 нафар довталабон — ғолибони даври шаҳриву ноҳиявии озмун аз рӯи 6 шарт — дарси конкурсӣ, таҳлили дарс, соати тарбиявӣ, маҷлиси падару модарон, кор бо компутер ва саволу ҷавоб оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ширкат варзида, 3 нафари онҳо: Толибова Заррина Дадобековна — омӯзгори фанни физикаи муассисаи таълимии давлатии махсусгардонидашудаи №15-и шаҳри Хуҷанд, Ҷалолова Дилором Олимҷоновна — омӯзгори фанни биологияи МТДМ хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Турсунов Аҳлиддин — омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи МТМУ №12-и ноҳияи Зафаробод ба даври ҷамъбастии озмун роҳхат гирифта, дар даври ҷамъбастӣ аз рӯи шарти муаррифии таҷрибаи корӣ баромад намуданд.5
Дар ҷамъбаст Ҷалолова Дилором Олимҷоновна — омӯзгори фанни биологияи МТДМ хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сазовори ҷойи якум гардид ва ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифт.

       Мардон Қурбонов, мухбири махсуси нашрияи “Маорифи Суғд”

ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” ОҒОЗ ЁФТ

    даври вилояти фуруг 4 Дар муассисаи давлатии Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз гардид.
Дар расми ифтитоҳи чорабинии мазкур муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ номаи шодбошии Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳайати ҳакамон ва иштирокчиён расонида, таъкид дошт, ки иқдоми маърифатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шавқ ва завқи сокинони кишварро дубора ба китобу китобхонӣ бештар намуд. Ба ин васила ҳисси хештаншиносӣ,  ватандӯстӣ,  эҳтиром ба таърих ва меъроси гаронмояи ниёгон, ифтихор аз комёбиҳои даврони соҳибистиқлолии сокинон бештар мешавад.
даври вилояти фуруг Муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм дар баромадаш зикр дошт, ки озмуни мазкур миёни сокинони кишвар ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо намуда, дар қиёс ба соли пешин шумораи иштирокчиён ба маротиб зиёд гардидааст. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки миллати мо барандаи фарҳанги бою қадима аст ва ба гузаштаи худ арҷ мегузорад.даври вилояти фуруг 2
Сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ҳозиринро бо ҳайати ҳакамон, ки иборат аз олимону суханварон, шоирону нависандагони номии кишвар мебошанд, ошно намуда, зикр дошт, ки ба даври сеюми озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 388 нафар – ғолибони даври шаҳрию ноҳиявӣ роҳхат гирифта,  аз рӯи номинатсияҳои аз ёд кардану хондани осори адибони классику муосир ва адабиёти ҷаҳон, қироати ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқӣ байни ҳам қувваозмоӣ менамоянд.даври вилояти фуруг 3
Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур се рӯз давом хоҳад кард. Ғолибон санаи 25 сенябр муайян мегарданд.

15 медали мактабиёни Суғд

     медали тилло Чанде пеш дар Муассисаи таълимии  давлатии  Мактаби байналмилалии  Президентии шаҳри Душанбе озмуни довталабон барои дарёфти  аттестати аълои  универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати  аълои равиявӣ бо медали  тилло ва нуқра  дар соли таҳсили  2019 — 2020 баргузор гардид. Дар озмуни мазкур  аз муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент, ноҳияҳои Ашт, Ҷаббор Расулов ва Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон  21 нафар барои дарёфти медалҳои тилло ва нуқра  ҳуҷҷат пешниҳод намуданд. Аз ин теъдод 12 нафар ба дарёфти медали тилло, 3 нафар  ба гирифтани медали нуқра мушарраф гардиданд. 6 нафари дигар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Ном ва насаби
хонанда

  Шаҳр, ноҳия

(муассисаи таълимӣ)

Аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло, аттестати аълои  равиявӣ бо медали тилло ва нуқра
1 Ҳакимов Раҳимҷон хатмкардаи литсейи №1-и шаҳри Хуҷанд  тилло
2 Зоҳирова Меҳрангез хатмкардаи литсейи №1-и шаҳри Хуҷанд  тилло
3 Холиқова Таҳмина хатмкардаи гимназияи «Гёте»-и шаҳри Хуҷанд тилло
4 Сатторов Султон хатмкардаи гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд тилло
5 Ҷобирова Азиза хатмкардаи муассисаи таълимии №15-и шаҳри Панҷакент тилло
6 Исоқова Гулшодабегим хатмкардаи гимназияи №1-и ноҳияи Ҷ.Расулов тилло
7 Раҳматуллоева Шукрона Хатмкардаи мактаби Президентии  шаҳри  Бӯстон тилло
8 Сатторова Сарвиноз хатмкардаи мактаби Президентии шаҳри Бӯстон тилло
9 Сайфиддинова Зебо хатмкардаи мактаби Президентии шаҳри Бӯстон тилло
10 Набиев Манучеҳр хатмкардаи мактаби Президентии шаҳри Бӯстон тилло
11 Шарифова Хосиятҷон хатмкардаи мактаби Президентии шаҳри Бӯстон тилло
12 Ҷонбеков Фаромарз хатмкардаи мактаби Президентии шаҳри Бӯстон тилло
13 Абдувоҳидова Мадина хатмкардаи литсейи донишкадаи политехникии   шаҳри Хуҷанд нуқра
14 Шерматов Аминҷон хатмкардаи литсейи донишкадаи политехникии  шаҳри Хуҷанд нуқра
15 Эргашева Мунзифа хатмкардаи литсейи донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистони шаҳри Хуҷанд нуқра

изображение_viber_2020-07-28_10-21-12 изображение_viber_2020-07-28_10-20-47 изображение_viber_2020-07-28_10-26-23 изображение_viber_2020-07-28_10-26-57 изображение_viber_2020-07-28_10-27-32 изображение_viber_2020-07-28_10-27-14 756765 изображение_viber_2020-07-28_13-32-26 газета 756645 изображение_viber_2020-07-28_12-04-20 изображение_viber_2020-07-28_12-03-34Безымянныйизображение_viber_2020-07-28_13-46-32изображение_viber_2020-07-28_17-27-27

ТАДБИРҲОИ СУДМАНД

   маскаҶиҳати босамар гузаронидани таътили тобистона Маркази таҳсилоти иловагии вилоят бо дастгирии Раёсати маорифи вилоят чанд иқдоми шоистаро пеш гирифт. Аз ҷумла, дар он айёме, ки пандемияи  бемории коронавирус (COVID-19) дар ҷумҳурӣ авҷ гирифт, кормандони Марказ тариқи онлайн  фаъолияти 189 маҳфили фосилавии ҳунарҳои мардумӣ, техникӣ ва табиатдӯстонро роҳандозӣ намуда, беш аз  13287 хонандагонро ба онҳо ҷалб намуданд.
Ҳамчунин, ташкилу баргузории озмунҳои фосилавии вилоятӣ аз қабили “ Ман дар хона ба кори модарам ёрӣ мерасонам”, “Тозагӣ – гарави саломатӣ”, “Ваҳдат – кафили сулҳ” дигар аз ибтикороти  Марказ маҳсуб мешавад.
Иқдоми пешгирифтаи маорифчиёни вилоят дар мавриди ташкилу баргузории озмуни фосилавии “Тозагӣ — гарави саломатӣ” аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гарм истиқбол шуд ва ин озмун дар саросари кишвар доман паҳн кард. Ба озмуни мазкур 1032 адад расм – маҳсули мӯқалами наврасон ва 487 иншои беҳтарин пешниҳод гардиданд. Аз ҷониби комиссияи озмунӣ 50 адад маводи беҳтарин ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуданд.
Ба қарибӣ Раёсати маорифи вилоят фармоишеро ба тасвиб расонд, ки тибқи он ҳамкории Маркази таҳсилоти иловагии вилоят бо кормандони телевизиони вилоят боз ҳам таҳким меёбад. Тибқи ин фармоиш  байни мактабиёни вилоят озмуни фосилавии вилоятии “Мо – насли истиқлолем” баргузор мегардад ва беҳтарин видеороликҳо, таманниёт, мақола, лавҳаҳои хонандагон тариқи телевизиони Суғд пахш мегарданд.
Фаъолияти кормандони Раёсати маорифи вилоят, аз ҷумла, Маркази таҳсилоти иловагии вилоят дар таблиғу ташвиқи тадбирҳои пешгирии бемории ҳамагири COVID-19 назаррас аст. Таблиғотчиён дар ҳайати 28 гурӯҳ муттаҳид шуда, ҷиҳати фаҳмонидани омилҳои пешгирикунандаи ин беморӣ ва дигар амрози сироятӣ  дар байни аҳолӣ  сазоворона саҳм мегиранд. Лозим ба таъкид аст, ки аҳли маорифи вилоят 21 ҳазор адад ниқобҳои тиббӣ таҳия ва ба ниёзмандон ройгон дастрас намуданд.

ТАКМИЛИ ИХТИСОС МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲИ ДОИМӢ

   Аҳамияти калидии соҳаи маориф аст, ки комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон ҷаласаи нахустини худро ба соҳаи маориф бахшида, масъалаи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.07.2017, №357 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022»-ро мавриди баррасӣ қарор дод. Ҷаласа санаи 18 июни соли равон таҳти раёсати Дилафрӯз Саидӣ, вакил аз ҳавзаи интихоботии №5 «Масҷиди Сурх»-и шаҳри Хуҷанд, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ҷараён гирифта, дар кори он аъзоёни комиссия, вакилони навинтихоби халқ, ҳамчунин таклифшудагон, аз ҷумла муовини  Раиси вилояти Суғд муҳтарам Зайнура Азимӣ, директори филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар вилояти Суғд М.Исомаддинзода, роҳбари Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии вилояти Суғд», намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят иштирок намуданд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа директори филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар вилояти Суғд Исомаддинзода Муҳаммад Эргаш доир ба бурду бохти филиали донишкада дар самти татбиқи барномаи мазкур давоми солҳои 2018, 2019 ва чор моҳи соли 2020, хусусан оид ба фарогирии бештари омӯзгорон ба курсҳои такмили ихтисос, таъмини сифат ва самаранокии курсҳо, истифодаи таҷрибаи пешқадами педагогӣ, технологияи пешрафта ва инноватсионӣ дар курсҳои такмили ихтисос, такмили заминаҳои моддию техникӣ ва илмию методии муассиса, аз ҷумла ташкил ва ҷиҳозонидани кабинетҳои фаннӣ, хусусан аз фанҳои табиию риёзӣ, забонҳо, ба роҳ мондани омӯзишҳои фосилавӣ ва дигарон дар назди вакилони халқ гузориш дод.
Дар анҷоми гузориш вакилони халқ – аъзоёни комиссия ба музокирот баромада, доир ба масъалаи мазкур ибрози андеша намуданд. Ҳамчунин аз ҷониби муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ҷиҳати ҳарчӣ зудтар ташкил ва роҳандозӣ шудани курсҳои такмили ихтисоси фосилавӣ бо назардошти талаботи сироятшавӣ ва паҳншавии бемории нави COVID- 19, ҳаддалимкон зиёд карда шудани соатҳои пешбинишудаи равоншиносӣ барои курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон, бо назардошти эълон шудани 20-солаи омӯзиши  фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан ба таъсису ҷиҳозонидани кабинетҳои таълимии фаннии ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва дар ин замина густариш бахшидани ин раванд дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди вилоят ва амсоли ин масъалаҳои мубрами вобаста ба такмили ихтисос ва ташаккули малакаи касбии омӯзгорон ба масъулини соҳа дастуру ҳидоятҳои муфид дода шуданд.

 

МАРКАЗИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГИИ ВИЛОЯТИ СУҒД ОЗМУН ЭЪЛОН МЕКУНАД

     101019666_105574764512704_8824714448045342720_o Ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва саҳм гузоштан ҷиҳати коҳиш додани бемории сироятии коронавирус навъи COVID- 19 бо  иқдоми Маркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилоят озмуни фосилавии расми беҳтарин дар мавзӯи  “Ваҳдат -кафили сулҳ” доир карда мешавад. Ҳамзамон  бо мақсади ба машғулият фаро гирифтани мактабиён дар давраи таътили тобистона ва талқини дар хона ба корҳои фоиданок ҷалб шудани хонандагон бо ташаббуси Маркази таҳсилоти иловагӣ озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Ман дар хона ба кори модарам ёрӣ мерасонам” ва “Тозагӣ манбаи саломатӣ”  баргузор карда мешавад. Ғолибони озмун дар остонаи таҷлили ҷашни Ваҳдат бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда мешаванд. Иштирокчиёни озмун метавонанд сурат ва иншои худро тариқи шабакаҳои иҷтимоии вайбер ва вотсап ба рақами  92- 825- 60 -70 ирсол намоянд.

Абдусабури Абдуваҳҳоб, котиби матбуоти Раёсати маорифи вилояти Суғд

ҶАЛБИ 1000 НАФАР ХОНАНДАГОН БА МАҲФИЛҲОИ ҲУНАРӢ ТАРИҚИ ФОСИЛАВӢ

  222  Бо мақсади дар таътили тобистона ба машғулият фаро гирифтани хонандагон бо дастури Раёсати маорифи вилояти Суғд  дар Маркази таҳсилоти иловагии вилоят айни замон 16 маҳфилҳои техникони ҷавон, табиатшиносон, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва  кишваршиносӣ  тариқи онлайн — фосилавӣ бо фарогирии 220 нафар хонандагон фаъолият доранд. Устодон ҳамарӯза маҳсули дастони толибилмонро назорат бурда, барои сайқали ҳунару маҳорати онҳо маслиҳатҳои судманд медиҳанд. (далее…)

ТАҚДИМИ КӮМАКПУЛИҲО БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

    DSC_0121Қаҳрамониву диловариҳои падарону бобоёни мо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ  барои наслҳои оянда намунаи олии ватандӯстиву родмардӣ хоҳад буд. Ҳамасола дар остонаи Рӯзи ғалаба бо мақсади арҷ гузоштан ба корнамоиҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар сатҳи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои неку шоиста анҷом дода мешавад.
Соли равон низ ба ифтихори 75 – солагии ғалабаи  Ҷанги Бузурги Ватанӣ кӯмакпулии якдафъаинаи Пешвои муаззами миллат дар ҳаҷми   6 (шаш) ҳазор сомонӣ ва кӯмакпулии Раиси вилоят ба андозаи 4 ҳазор сомонӣ муқаррар гардид.
DSC_0099Бо мақсади тақдими кӯмакпулиҳои Пешвои муаззами миллат ва Раиси вилоят, расонидани номаи муборакбодии Пешвои муаззами миллат ба ифтихори ин ҷашн субҳи имрӯз Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Собирзода Нуралӣ Миралӣ ва сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода  19 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар кардаро дар ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров аёдат намуданд.
Зимни суҳбат бо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз корнамоиҳои бемисли онҳо ёдовар шуда, таъкид кард, ки дар он солҳои мудҳиш дар қатори мардумони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фарзандони Тоҷикистон низ ба ҳимояи ватани хеш бархоста, барои ҳифзи хоки ватан синаи худро сипар намудаанд. Қаҳрамониву диловарии фарзандони шуҷоъи ватан дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст ва давлату Ҳукумат азхудгузаштагиву ҷоннисориҳои зафармандонро қадр менамояд. Зикр гардид, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни ҶБВ таҳти таваҷҷӯҳу ғамхориҳои доимӣ қарор доранд.

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ

   20200408_113758 Санаи 08.04.2020 дар маҷлисгоҳи Раёсати маорифи вилоят ҷаласаи навбатии Шӯрои шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф баргузор гардид.
Ҷаласа таҳти раёсати мудири шуъбаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят Абдураҳим Қурбонов баргузор шуда, дар он масъулини соҳа иштирок варзиданд. (далее…)

НАТИҶАБАРДОРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНАИ ХАДАМОТИ ДАВЛАТӢ НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ МАОРИФ

   DSCF9158Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти шуъбаи вилоятӣ ва бахшҳои шаҳриву ноҳиявии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020 дар маҷлисгоҳи Раёсати маорифи вилоят бо иштироки сарварони бахшҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи шаҳру навоҳии вилоят ҷалсаи навбатӣ доир гардид.
Сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят Абдураҳим Қурбонов дар ин бора гузориш дода, зикр дошт, ки дар баробари пешравиҳо ҳанӯз дар соҳа камбудиҳо ба мушоҳида мерасанд, ки иҷрои саривақтии он боиси боз ҳам баланд гардидани сатҳи таълиму тарбия мегардад. Сарварони хадамотҳои шаҳру навоҳии Конибодом, Панҷакент, Хуҷанд, Ашт ва Масчоҳ доир ба фаъолияти кориашон маълумот доданд.
DSCF9173Сармутахассиси Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят Баҳоваддин Хоҷаев аз натиҷаи санҷиши сатҳи сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии шаҳри Истиқлол, натиҷаи рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дар шаҳру ноҳияҳо гузориш дод.
Муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Сайфулло Раҳматов зимни ҷамъбасти ҷаласа аз роҳбарони Хадамотҳои шаҳру навоҳии вилоят даъват ба амал овард, ки дар робита бо мудирони методкабинетҳо бештар аз раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ дидан намоянд, барои беҳтаршавии фаъолият дастурҳо диҳанд.