Мавсими сеюми истироҳат ба охир расид

Санаи 29.01.2006 дар истироҳатгоҳи ба номи «20-солагии Истиқлолият», воқеъ дар минтақаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов мавсими сеюми истироҳати зимистонаи мактаббачагон ҷамъбаст гардид. Ба ин муносибат бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ, истироҳаткунандагон, омӯзгорону волидони онҳо, мураббиёну таҷрибаомӯзон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма чорабинии тантанавӣ доир шуд. (далее…)

Экскурсия ба Планетария

Тибқи нақшаи чорабинии барои таътили зимистона тарҳрезишуда барои 120 нафар хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 10-и шаҳри Чкалов ба Планетарияи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандии маркази вилоят экскурсия ташкил гардид. (далее…)

Дар давраи таътил 1600 нафар омӯзгорон ба курсҳои бозомӯзӣ фарогир мешаванд.

Тибқи фармоишоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раёсати маорифи вилоят ҳамасола дар мавсими таътили зимистонаи толибилмони вилоят бо иқдоми Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони маорифи вилояти Суғд омӯзгорони вилоят барои тақвияти дониш ба курсҳои иловагии бозомӯзӣ фарогир мешаванд. (далее…)