Дирӯз дар кохи фарҳанги ба номи Абӯабдулоҳ Рӯдакӣ маҳфил- озмуни хирадмандону ҳозирҷавобон – КМН 2016 доир гардид. Мақсад аз ташкили чорабинии мазкур татбиқи нуктаҳои Паёми Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва ташвиқу тарғиби забони русӣ буд.

Дар маҳфил –озмун, ки пурра бо забони русӣ сурат гирифт, се даста- «Лига справедливости»-и ТҶ Маркази илмӣ- маърифатии «Эҳёи маънавият», «Парвилние очки»-и муассисаи таълимии ғайридавлатии «Ирфон» ва «Улибка»-и МТМУ№10 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд.

Дастаҳо аз рӯи 5 намуд- муаррифии даста, намоиши саҳначаи ахлоқӣ, намоиши саҳначаи ҳаҷвӣ, хониши ифоданоки шеъри пандомӯз ва суруди хайрбодӣ донишу маҳорати худро намоиш доданд. Танҳо истифода бурдани забони русӣ, риояи вақти ҷудогардида, берун набаромадан аз доираи мавзӯъ ва истифода набурдани фонограмма шартҳои асосии озмун буд.

Чорабиниро номзади илмҳои суханшиносӣ, ровии хушбаён Низомиддин Муродӣ ифтитоҳ бахшид. Сониян қувваозмоии байни дастаҳо оғоз гардид.

Аз рӯи холҳои бадастовардаашон дастаи «Улибка»-и МТМУ№10 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳиби ҷойи аввал ва Ҷоми озмун, «Парвилние очки»-и муассисаи таълимии ғайридавлатии «Ирфон» соҳиби ҷойи дуюм ва «Лига справедливости»-и ТҶ Маркази илмӣ- маърифатии «Эҳёи маънавият» соҳиби ҷойи сеюм гардид.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>