Аз 18 то 20 январи соли 2016 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2015» баргузор гардид.Дар озмун ғолибони даври вилоятӣ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок намуда, се рўз аз рўи ҳафт шарт қувваозмоӣ намуданд. Омӯзгори фанни математикаи литсейи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд Зебо Аминова сазовори ҷойи дуюм дониста шуд.

Марҳилаи ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2015», ки рўзҳои 21-23 январи соли 2016 дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф ва кўдакистони 17 ноҳияи Сино доир гардид, Садоқат Атаева мураббии кўдакистони №9-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ғолиби озмун дониста шуд.

Ғолибон ва иштирокдорони озмунҳо бо туҳфаҳои хотиравии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм сарфароз гардонида шуданд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>