Санаи 27 — июли соли 2022 дар Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд ғолибони олимпиадаи байналмилалии ISTEM — 2022 аз фанни математика ва технологияи иттилоотиро муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода, намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Абдунабиев Абдурасул, роҳбарият ва муҳассилини Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳр мутантан истиқбол намуданд.
Бо мақсади шиносоӣ аз ҷойҳои таърихӣ, тарбияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ аз овони кӯдакӣ тарбиягирандагони муассисаи таҳсилоти томактабии 7-уми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамроҳи мураббиён ба Осорхонаи Ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров сафар карданд (далее…)
Имрӯз, 1 августи соли 2022 аз ҷониби сехи таълимӣ — истеҳсолии дӯзандагии назди КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон ярмарка фурӯши либосҳои ягонаи мактабӣ ташкил ва баргузор гардид. Дар ярмарка маҳсулоти тайёри либоси мактабии сехи мазкур ба мактабиён ва волидайнашон пешниҳод карда шуд, ки аз ҷиҳати сифатнокӣ ва дастрасӣ ба нарх ба талаботи мизоҷон ҷавобгӯ буд.
Санаи 25 июли соли 2022 дар партави Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, таҳти №АП – 1729 ва тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Раиси вилояти Суғд нишасти матбуотии сардори Раёсати маорифи вилоят бо намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Имрӯз мо — кормандони соҳаи маорифи кишварро Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озмуни нави ҷумҳуриявии “Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат” басо шоду сарфароз гардонид. Ин ташаббуси навбатии оқилона ба ифтихори 115 – солагии академик Бобоҷон Ғафуров роҳандозӣ гардидааст.
Ҷиҳати татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2017, №443 “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 — 2022” аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ корҳо оид ба ҷиҳозонидани синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ бо таҷҳизоти муосири иттилоотӣ – коммуникатсионӣ, компютерҳои нав, принтер, проектори мултимедӣ, тахтаи электронӣ ва пайваст намудани синфхонаҳо ба шабакаи дохилӣ ва Интернет корҳо бояд вусъат ёбанд.