Сессияи академияи хурди илмҳо доир гардид

Санаи 16 майи соли равон дар гимназияи № 1-и шаҳри Чкалов сессияи вилоятии Академияи хурди илмҳо доир гардид. Дар он аз 17 шаҳру ноҳияҳои вилоят 250 нафар хонандагони болаёқату боистеъдод корҳои илмиву таҳқиқотии худро дар 18 бахш ҳимоя намуданд. (далее…)

Озмун дар мавзӯи «Оби тоза – муҳити солим» дар ноҳияи Ғончӣ

Бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва дониши экологии хонандагон дар шуъбаи маорифи ноҳияи Ғончӣ озмун дар мавзӯи «Оби тоза – муҳити солим» аз рӯи шартҳои: иншои беҳтарин, видеоролики беҳтарин ва расмҳои беҳтарин гузаронида шуд. (далее…)

Омодаги ба истироҳати тобистона

Дирӯз дар Планетарияи ба номи А.Хуҷандӣ дар ҳаморӣ бо Маркази таҳсилоти иловагии вилоят семинар-машварат доир гардид, ки дар он 30 нафар масъулони равияи сайёҳӣ-кишваршиносӣ ва роҳбарони истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ ва беруназшаҳрӣ иштирок намуданд. (далее…)

Семинари дастурдиҳӣ барои шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо

Имрӯз дар маҷлисгоҳи раёсати маорифи вилоят бо иштироки муовинони мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо семинари дастурдиҳӣ доир гардид. Омодагӣ ба ҷамъбасти соли таҳсил, пешниҳоди саривақтии ҳуҷҷатҳои довталабони медали тилло ва нуқра, тартиби баргузории «Занги камолот» мавзӯи асосии баргузории семинар буд. (далее…)

Фестивал-озмуни «Сапеда» идома дорад

Бомақсади вусъат бахшидан ба қобилияти эҷодии кӯдакону наврасон, дарёфти чеҳраҳои нави иҷрокунандагони нақшҳои таърихӣ, овозхонҳо, навозандагон, раққосон, наттоқон, ровиён ва дигар ҳунармандон бахшида ба Соли рушди фарҳанг ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори коллеҷи муҳандисӣ-омӯзгории ноҳияи Ҷ.Расулов даври минтақавии фестивал-озмуни вилоятии «Сапеда» бо иштироки ғолибони даври шаҳрӣ-ноҳиявии озмун аз шаҳру ноҳияҳои Чкалов, Б.Ғафуров, Мастчоҳ, Ҷ.Расулов ва Қайроққум гузаронидашуд. (далее…)

Озмуни «Китобхони беҳтарин» ба охир расид

Дар мактаби миёнаи № 23-и ноҳияи Б.Ғафуров байни китобдӯстони ҷамоатҳои деҳоти Ҳ.Усмонов ва Унҷии ноҳия озмуни «Китобхони беҳтарин» аз рӯи 7 шарт: навиштани номи асарҳои хондашуда, муаллиф ва қаҳрамонони он, ҳимояи кори эҷодӣ аз рӯи асари хондашуда, қироати ифоданоки шеър ё порчаи насрӣ, нақшофарӣ аз рӯи асари хондашуда, шарҳи луғат, кашидани расми дилхоҳ аз рӯи асари хондашуда ва аз калимаҳои додашуда сохтани калимаҳои нав гузаронида шуд. (далее…)

Тақсимоти фардии мутахассисон

12 майи соли ҷорӣ дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров мутобиқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.03.2015, № 645 тақсомоти фардии хатмкунандагони ихтисосҳои омӯзгории зинаи бакалавр ва мутахассис дар ҳамаи 12 факултаи донишгоҳ гузаронида шуд. (далее…)

Рӯзи қабули О. Каримзода дар ноҳияи Спитамен

Дар таъриҳи 7-майи соли 2015 тибқи нақшаи тарҳрезишуда дар шӯъбаи маорифи ноҳияи Спитамен аз ҷониби сардори Раёсати маорифи вилоят О. Каримзода Рӯзи қабули шаҳрвандон – кормандони соҳа баргузор гардид. (далее…)