Семинари дастурдиҳӣ барои шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо

Имрӯз дар маҷлисгоҳи раёсати маорифи вилоят бо иштироки муовинони мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо семинари дастурдиҳӣ доир гардид. Омодагӣ ба ҷамъбасти соли таҳсил, пешниҳоди саривақтии ҳуҷҷатҳои довталабони медали тилло ва нуқра, тартиби баргузории «Занги камолот» мавзӯи асосии баргузории семинар буд. (далее…)

Фестивал-озмуни «Сапеда» идома дорад

Бомақсади вусъат бахшидан ба қобилияти эҷодии кӯдакону наврасон, дарёфти чеҳраҳои нави иҷрокунандагони нақшҳои таърихӣ, овозхонҳо, навозандагон, раққосон, наттоқон, ровиён ва дигар ҳунармандон бахшида ба Соли рушди фарҳанг ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори коллеҷи муҳандисӣ-омӯзгории ноҳияи Ҷ.Расулов даври минтақавии фестивал-озмуни вилоятии «Сапеда» бо иштироки ғолибони даври шаҳрӣ-ноҳиявии озмун аз шаҳру ноҳияҳои Чкалов, Б.Ғафуров, Мастчоҳ, Ҷ.Расулов ва Қайроққум гузаронидашуд. (далее…)

Озмуни «Китобхони беҳтарин» ба охир расид

Дар мактаби миёнаи № 23-и ноҳияи Б.Ғафуров байни китобдӯстони ҷамоатҳои деҳоти Ҳ.Усмонов ва Унҷии ноҳия озмуни «Китобхони беҳтарин» аз рӯи 7 шарт: навиштани номи асарҳои хондашуда, муаллиф ва қаҳрамонони он, ҳимояи кори эҷодӣ аз рӯи асари хондашуда, қироати ифоданоки шеър ё порчаи насрӣ, нақшофарӣ аз рӯи асари хондашуда, шарҳи луғат, кашидани расми дилхоҳ аз рӯи асари хондашуда ва аз калимаҳои додашуда сохтани калимаҳои нав гузаронида шуд. (далее…)

Тақсимоти фардии мутахассисон

12 майи соли ҷорӣ дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров мутобиқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.03.2015, № 645 тақсомоти фардии хатмкунандагони ихтисосҳои омӯзгории зинаи бакалавр ва мутахассис дар ҳамаи 12 факултаи донишгоҳ гузаронида шуд. (далее…)

Рӯзи қабули О. Каримзода дар ноҳияи Спитамен

Дар таъриҳи 7-майи соли 2015 тибқи нақшаи тарҳрезишуда дар шӯъбаи маорифи ноҳияи Спитамен аз ҷониби сардори Раёсати маорифи вилоят О. Каримзода Рӯзи қабули шаҳрвандон – кормандони соҳа баргузор гардид. (далее…)

Олимпиадаи номӣ баргузор гардид

Аз 25 то 26 апрели соли ҷорӣ дар Мактаби байналмилалии президентии шаҳри Душанбе Олимпиадаи номии хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ аз рӯи 9 фанҳои таълимӣ баргузор гардид. Дар он аз вилояти Суғд 45 нафар хонандагоне, ки дар олимпиадаи вилоятӣ дониши хуб нишон дода буданд, ширкат варзиданд. (далее…)

Ҷаласаи ҷамъбастии мушовараи раёсати маориф

Чанде қабл дар толори Мактаби Президентии шаҳри Чкалов бо иштироки муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорова ва сардори раёсати маорифи вилоят Каримзода Осим Қосимӣ ҷаласаи ҷамъбастии мушовараи Раёсати маорифи вилоят дар давоми моҳҳои январ- марти соли равон доир гардид. (далее…)

Зан — гаҳвораҷунбони Замин ва қаҳрамони кайҳон

Таҳти ҳамин унвон дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти олимон ва мутахассисони Планетарияи маркази вилоят бо фаъолони Ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан»-и кумиҷроияи ҲХДТ-и вилоят баргузор гардид. (далее…)