Олимпиадаи байналхалқии ҷавонон дар шаҳри Хуҷанд

Бо мақсади дарёфт ва рушди истеъдодҳо моҳи декабри соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Толятии Федератсияи Русия дар бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23-и ш. Хуҷанд Олимпиадаи байналхалқии ҷавонон аз фанҳои ҷамъиятшиносӣ, физика, химия ва математика баргузор гардида буд. (далее…)

Мубориза бо коррупсия кори дастаҷамъист

Санаи 26 май дар маҷлисгоҳи МТМУ №23-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев, муовини раиси вилоят Ғаффорӣ Назира Абдуллозода, сардори раёсати маорифи вилоят Каримзода Осим Қосимӣ, ректорони мактабҳои олӣ, сардорони раёсат ва мудирони шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои амниятӣ, сарварони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорони пешқадам ва собиқадорони соҳаи маориф конфронси илмӣ-амалӣ оид ба муқовимат бо коррупсия, пешгирии қонуншиканӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро доир гардид. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Осим Каримзода оғоз шуд. (далее…)

Беҳтарин китобхони Хуҷанд

Бахшида ба Соли оила, Соли рушди фарҳанг ва гулҳо дар мактаби миёнаи № 11 байни хонандагони мактабҳои шаҳри Хуҷанд озмуни «Беҳтарин хонандаи китобхон» дар ду давр доир гашт. Дар даври аввал 37 нафар ва дар даври дуюм 16 нафар хонандагон байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. (далее…)

Зебо Аминова ғолиби озмуни «Муаллими сол-2015»-и шаҳри Хуҷанд

Даври ниҳоии озмуни «Муаллими сол-2015»-и шаҳри Хуҷанд дар мактаби миёнаи №8 бо иштироки 6 нафар довталабон баргузор гардид. Муаррифии дарс, тарзи баёну услуб ва истифодаи аёниятҳо, саволу ҷавоб аз фанни таълимӣ ва донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ шартҳое буданд, ки аз рӯи онҳо довталабон донишу маҳорати хешро намоиш доданд. (далее…)

Сессияи академияи хурди илмҳо доир гардид

Санаи 16 майи соли равон дар гимназияи № 1-и шаҳри Чкалов сессияи вилоятии Академияи хурди илмҳо доир гардид. Дар он аз 17 шаҳру ноҳияҳои вилоят 250 нафар хонандагони болаёқату боистеъдод корҳои илмиву таҳқиқотии худро дар 18 бахш ҳимоя намуданд. (далее…)

Озмун дар мавзӯи «Оби тоза – муҳити солим» дар ноҳияи Ғончӣ

Бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва дониши экологии хонандагон дар шуъбаи маорифи ноҳияи Ғончӣ озмун дар мавзӯи «Оби тоза – муҳити солим» аз рӯи шартҳои: иншои беҳтарин, видеоролики беҳтарин ва расмҳои беҳтарин гузаронида шуд. (далее…)

Омодаги ба истироҳати тобистона

Дирӯз дар Планетарияи ба номи А.Хуҷандӣ дар ҳаморӣ бо Маркази таҳсилоти иловагии вилоят семинар-машварат доир гардид, ки дар он 30 нафар масъулони равияи сайёҳӣ-кишваршиносӣ ва роҳбарони истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ ва беруназшаҳрӣ иштирок намуданд. (далее…)

1 2 3 4 5